https://sputnik.tj/20221223/norozigi-prezident-surat-narkh-internet-tojikiston-1053718056.html
Президент оқибати бади суръати пасту нархи баланди интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Президент оқибати бади суръати пасту нархи баланди интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Президенти Тоҷикистон аз вазъи соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла суръат ва нархи интернет изҳори норозигӣ кард, ки садди рушди бархе бахшҳо мешавад
2022-12-23T13:18+0500
2022-12-23T13:18+0500
2022-12-23T13:18+0500
дар тоҷикистон
интернет
иқтисод
алоқа
барқ
мақомот
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102172/84/1021728487_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_0804e10828217fc293a76fe26f8aeb1c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошт. Ӯ изҳор дошт, ки ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 млн расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест, афзуд Раҳмон. Дар ин робита президенти Тоҷикистон Хадамоти алоқаро муваззаф кард, ки якҷо бо ширкатҳои соҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет чораандешӣ кунанд. Роҳбари давлат дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдастро муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон сайёҳон низ аксаран ба он маконҳое мераванд, ки суръати баланди интернет фароҳам аст. Аз ҷумла даъват кард, ки заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда фароҳам гардад. Мақомот муваззаф шуданд, ки бо назардошти пешравию таҳаввулоти соҳа дар миқёси ҷаҳон қонуни Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
https://sputnik.tj/20221223/payom-prezident-tojikiston-parlumon-pakhshi-mustaqim-1053714982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102172/84/1021728487_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1d6210e9ad66b614036b7fa5b0d0292e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
норозигӣ, эмомалӣ раҳмон, нарх, интернет, тоҷикистон
норозигӣ, эмомалӣ раҳмон, нарх, интернет, тоҷикистон
Президент оқибати бади суръати пасту нархи баланди интернет дар Тоҷикистонро гуфт
Президенти Тоҷикистон аз вазъи соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла суръат ва нархи интернет изҳори норозигӣ кард, ки садди рушди бархе бахшҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошт.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 млн расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест, афзуд Раҳмон.
Дар ин робита президенти Тоҷикистон Хадамоти алоқаро муваззаф кард, ки якҷо бо ширкатҳои соҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет чораандешӣ кунанд.
Роҳбари давлат дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдастро муҳим арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон сайёҳон низ аксаран ба он маконҳое мераванд, ки суръати баланди интернет фароҳам аст.
Аз ҷумла даъват кард, ки заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда фароҳам гардад.
Мақомот муваззаф шуданд, ки бо назардошти пешравию таҳаввулоти соҳа дар миқёси ҷаҳон қонуни Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.