Раҳмон хостори устувор нигоҳ доштани нархи пули миллӣ шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз бахши бонкии кишвар талаб кард, ки барои устувор нигоҳ доштани нархи пули миллӣ чораҳои мушаххас андешанд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ раҳмон дар бораи соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур додааст, ки барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ хусусан сармояи мустақим чораҳои мушаххас андешанд.
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз бонкдорони кишвар талаб кард, ки қурби асъори миллӣиро дар сатҳи устувор нигоҳ доранду ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ низ чораҳо андешанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Дастури Раҳмон дар бораи пардохтҳои гумрукиву бартарафсозии қарзҳои андоз
Ҳамзамон Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба ноҳияҳои дурдасти кишвар, тавсеаи фарогирии минтақаҳо ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус, дар соҳаҳои соҳибкории истеҳсолӣ ва кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлис бори дигар такрор кард, ки Бонки миллӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои рушди низоми пардохт ва ба низоми ғайринақдӣ гузаронидани соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт қабул кардани боҷу андозҳо, ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тадбирҳои фаврӣ андешад.
“Бонки миллӣ бояд якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ рушди истифодаи технологияҳои рақамии муосир ва рақамикунонии пурраи амалиёти бонкиро дар кишвар таъмин намояд”,- гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0