Песков: Равобити Русия бо Ғарб дар сатҳи поинтарин қарор дорад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
 Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир равобити Маскав бо кишварҳои Ғарб дар поинтарин сатҳ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ахиран гуфт, равобити Маскав бо кишварҳои Ғарб дар нуқтаи пастарин қарор дорад.
“Муносибатҳо аллакай дар як сатҳи хеле паст қарор доранд ва ҳатто як муколамаи ҷиддие бо Олмону дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) мушоҳида намешавад”, - гуфт оқои Песков.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
 Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Кишварҳои Ғарб аз ҳукумати феълии Украина ҳимоят карданд ва ба ҳимн хотир бар зидди Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ карданд ва дар ихтиёри артиши Ураина силоҳу аслиҳаи ғарбӣ гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0