"Сомон Эйр" боз як ҳавопаймои нав гирифт

© пресс-служба "Сомон Эйр"Самолёт Boeing 737-800 компании "Сомон Эйр"
Самолёт Boeing 737-800 компании Сомон Эйр
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймои нав мисли пештара номи Қаҳрамони Тоҷикистонро гирифт: бо шарофати ин техника ширкат метавонад ҷуғрофияи парвоз ва сатҳи хидматрасониро васеъ кунад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дуввумин ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро ба Душанбе интиқол дод, ки дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлоли Тоҷикистон муаррифии худро баргузор кард.
Тибқи иттилои ширкат, ҳавопаймои нав барои 189 курсии камхарҷ пешбинӣ шуда, ба номи Қаҳрамони ҷумҳурӣ Нусратулло Махсум гузошта мешавад.
Ширкати "Сомон Эйр" ба шарофати фанноварии нав метавонад ҷуғрофиёи парвозҳоро васеъ ва теъдоди парвозҳоро дар хатсайрҳои мавҷуд афзоиш диҳад ва сатҳу сифати хидматрасониро беҳтар созад.
Авиакомпания Сомон Эйр получила первый из двух самолётов Боинг 737-800 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
“Сомон эйр” минбаъд ба Урумчӣ, Ҷидда ва Теҳрон парвоз мекунад
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 август ин ширкати ҳавопаймоӣ боз як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро ба Душанбе оварда буд, ки дар навбати худ номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро низ гирифтааст.
Ҳарду ҳавопаймо дар асоси иҷораи амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои ин минтақа - Aviation Capital Group гирифта шудаанд.
Ба шарофати ду ҳавопаймои нав ширкати "Сомон Эйр" шумори ҳавопаймоҳо дар парки худро ба 6 адад расонд.
Лентаи хабарҳо
0