Володин муносиботи Русия бо Эронро намунавӣ хонд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2023
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия аз густариши муносибот бо Эрон гуфта, таъмини заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшударо муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Муносиботи Русия ва Эрон бо суръат рушд карда истодаанд ва намунаи хуби ҳамдигарфаҳмӣ мебошанд.
Ин нуктаро раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин дар мулоқот бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, Муҳаммад Боқир Ғолибоф баён дошт.
"Намунаи рушди равобит ва ҳамдигарфаҳмиро президентҳои кишварҳои мо нишон медиҳанд. Аз ҷониби худ мо бояд таъминоти ҳуқуқии тасмимҳои дар сатҳи олӣ қабулшударо анҷом диҳем", - гуфт Володин ба Ғолибоф.
Ба гуфтаи Володин, комиссияи ҳамкориҳои Думаи давлатӣ ва Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба ҳалли масоиле машғул мешавад, ки шаҳрвандони ду кишвар интизорашон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Думаи давлатӣ таҳти раёсати Вячеслав Володин, бо сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад.
Ба ҳайат, аз ҷумла, муовини раиси Думаи давлатӣ Сергей Неверов, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар масоили амниятӣ Василий Пискарев, раиси Кумита оид ба нақлиёт Евгений Москвичев, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ Леонид Слутский ва раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба бозори молиявӣ Анатолий Аксаков вориданд.
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Бонки марказии Эрон ба тавсеаи муносиботи пулӣ ва бонкӣ бо Русия омодааст
Ёдовар мешавем, ки дар авоили соли 2022 раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ аз Маскав боздид карда, бо президенти Русия, Владимир Путин ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Эрон санадеро ба Русия супурд, ки ҳамкориҳои миёни ин кишварҳоро барои 20 сол пешбинӣ мекунад.
Раисӣ ҳамчунин бар зарурати боло бурдани сатҳи равобити тиҷоративу иқтисодии давлатҳо ва ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, илму фанноварӣ, дифоъ ва низомӣ, ҳамчунин дар масоили амниятӣ ва кайҳонӣ таъкид намуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир равобити Маскаву Теҳрон майли густариш дошта, ҷонибҳо аз ҷумла гузариш ба пули худӣ дар додугирифту ташкили корхонаҳои муштараки тавлидотиро баррасӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0