Квотаи ҳаҷро аз рӯи чӣ медиҳанду муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд онро гиранд? посухи муфтӣ

Обуна шудан
Мақомоти Арабистони Саудӣ одатан муҷавиз барои анҷоми ҳаҷро барои кишварҳо аз рӯи ҳисоби як адад сари ҳазор мусалмони кишвар ҷудо мекунанд
Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон низ метавонанд барои квотаҳои ҳаҷ, ки барои Русия ҷудо шудааст, талош кунанд, аммо бо шартҳои муайян.
Ин нуктаро муовини аввали раиси Шӯрои муфтиёти Русия, Рӯшан Аббосов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, квота пеш аз ҳама барои шаҳрвандони кишвар ҷудо мешавад, аммо дар санади дутарафа бо Саудӣ метавонад, зикр гардад, ки ҳиссаи муайяне аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба таври доимӣ дар қаламрави кишвар иқомат мекунанду табаияти онро надоранд, метавонанд истифода кунанд.
Саудӣ маҳдудиятҳои коронаии маросими ҳаҷро лағв кард
Барои ин, ба гуфтаи Аббосов санади тасдиқкунанда ба монанди иҷозати иқомат дар Русия зарур мебошад.
Вай ҳамчунин шарҳ дод, ки тиббқи меъёрҳои Арабистони Саудӣ ҳамасола ба ҳар 1000 мусулмоне, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, барои зиёрати Хонаи Худо як ҷой ҷудо карда мешавад.
Ӯ зикр намуд, ки солҳои охир ба далели пандемияи коронавирус дар ин арқом бархе маҳдудиятҳо буд, аммо дар соли 2023 Риёз тамоми мамнӯъиятҳои марбут ба коронавирусро лағв кард.
Дар мавриди нарх зикр гардид, ки он аз арзиши хадамоти ироашаванда дар Арабистони Саудӣ, хароҷоти омаду рафт, ҷойи иқомат ва дигар масрафот ташаккул меёбад ва вобаста ба интихобу хостаҳои зоирин метавонад каме фарқ кунад.
Лентаи хабарҳо
0