https://sputnik.tj/20230122/khatlon-hayvonot-parandagon-sardi-najot-dodand-1054397445.html
Дар Хатлон ҳайвоноту парандагонро аз хунукӣ наҷот доданд
Дар Хатлон ҳайвоноту парандагонро аз хунукӣ наҷот доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ховалингу Муъминобод, ки аз сардтарин манотиқи Хатлон ба ҳисоб мераванд, барои наҷот додани ҳайвоноту парандагон дар доманакӯҳҳо ғизо пошида шуд 22.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-22T09:30+0500
2023-01-22T09:30+0500
2023-01-22T10:24+0500
дар тоҷикистон
хатлон
иҷтимоъ
парандаҳо
ҳайвонот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102459/50/1024595097_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_8dccbb502c7a768ef72a1055f08aa04e.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳи вилояти Хатлон амалиёти "Ҳифзи ҳайвонту парандагони нодир" баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.Ба гузориши ин ниҳод, амалиёти мазкур дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳими зист пиёда гардид.Ҳадаф аз амалиёти "Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир" ин беталаф баромадани онҳо аз сармои зимистони имсола арзёбӣ шуд.Манбаъ меафзояд, шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бахши муҳити зист дар минтақаҳои Муъминобод ва Ховалинг корҳои биотехникӣ гузарониданд. ин ду минтақа аз сардтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд.Зикр гардид, ки барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барфи зиёд дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт.Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.
https://sputnik.tj/20230117/garmiho-tojikiston-meoyad-sharh-korshinos-1054286492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102459/50/1024595097_32:0:2763:2048_1920x0_80_0_0_587bfbbebd4f218461556a93ce9815e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, парандаҳо, ҳайвонот
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, парандаҳо, ҳайвонот
Дар Хатлон ҳайвоноту парандагонро аз хунукӣ наҷот доданд
09:30 22.01.2023 (Навсозишуда: 10:24 22.01.2023) Ховалингу Муъминобод, ки аз сардтарин манотиқи Хатлон ба ҳисоб мераванд, барои наҷот додани ҳайвоноту парандагон дар доманакӯҳҳо ғизо пошида шуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳи вилояти Хатлон амалиёти "Ҳифзи ҳайвонту парандагони нодир" баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши ин ниҳод, амалиёти мазкур дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳими зист пиёда гардид.
Ҳадаф аз амалиёти "Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир" ин беталаф баромадани онҳо аз сармои зимистони имсола арзёбӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии Қисми минтақавии РВКД вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бахши муҳити зист дар минтақаҳои Муъминобод ва Ховалинг корҳои биотехникӣ гузарониданд. ин ду минтақа аз сардтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд.
"Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг гандум, 50 кг ҷав ва 200 кг бедаи хушк дар доманакӯҳҳои минтақаи ноҳияи Муъминобод пошида шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Зикр гардид, ки барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 10 январ пас аз боридани барфи зиёд дар Тоҷикистон сармои ғайриоддӣ кишварро фаро гирифт.
Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин сардиҳои моҳи январ дар 15 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад.