Вазорати тандурустӣ ду табиби тоҷикро барои андӯхтани таҷриба ба Корея фиристод

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства здравоохранения
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Обуна шудан
Ин ду табиб ҳар ду мутахассси соҳаи бемориҳои сухтагӣ буда, яке дар Душанбе ва дигаре дар шаҳри Панҷакент кор мекунанд. Ҳоло онҳо дар Сеули Корея қарор доранд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазорати тундурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои равнқ додани таҷрибаи пизишкони тоҷик, ду табибро ба шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати мазкур хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Нозимов Абубакр духтур-комбустиологи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №3”-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Шоҳруз, табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент барои беш аз ду мҳ ба Корея сафарбар шуданд.
Ин ниҳод мегӯяд, миёни Вазорати тандурустӣ ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум мавҷуд аст, ва дар асоси он табибони тоҷик дар беморхонаи Бестияни шаҳри Сеул бо ҳамтоёни худ мубодилаи таҷриба мекунанд.
"Дар доираи сафари хеш табибони тоҷик дар Беморхонаи Бестиян вобаста ба усулҳои нави табобати бемориҳои сӯхтагӣ бо ҳамкасбони хеш аз ин беморхона табодули таҷриба намуданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки сафари табибони тоҷик ба Сеул аз 14 ноябр то 28 январ идома меёбад.
Фрукты на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Омӯзиши масоили тағзияшиносӣ: Ҳайати вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Русия рафт
Қаблан Вазорати тандурустӣ, як гурӯҳи кориро барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани давраи махсуси омӯзишӣ дар масъалаҳои тағзияшиносӣ (диетология) ба Русия сафарбар кард.
Лентаи хабарҳо
0