Омӯзиши масоили тағзияшиносӣ: Ҳайати вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Русия рафт

© PexelsФрукты на столе
Фрукты на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамкории ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мавриди ба масоили ғизошиносӣ густариш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ахиран гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” Азизулло Шарипов аз муассисаи давлатии Федералии Маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Русия дидан карданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани давраи махсуси омӯзишӣ дар масъалаҳои тағзияшиносӣ (диетология) ба Русия сафарбар кардаанд.
Выборы президента в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Вазорати тандурустӣ: Вазъи эпидемиологӣ таҳти назорат аст
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкориро дар доираи сафарашон бо директори Муассисаи давлатии федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнология ва бехатарии махсулоти хӯроквории Русия, академик Дмитрий Никитюк, сардиетологи ин кишвар, академик Виктор Тутелян ва ҳайати профессорону мутахассисон баррасӣ намуданд.
“Дар ин гуфтугӯҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - таъкид намудааст вазорати тандурустӣ.
Намояндагони Тоҷикистон ҳамзамон иттилоъ доданд, ки масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон буда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.
Лентаи хабарҳо
0