Ҳавопаймои самти Русия-Гоа ба далели "бомбгузорӣ" дар Ӯзбекистон таъҷилан нишаст

© Sputnik / Антон ДенисовСуперлуние
Суперлуние - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2023
Обуна шудан
Ин бори аввал нест, ки ба далели дарёфти бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо парвоз аз Русия самти ин кишвар анҷом дода намешавад
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳавопаймои Azur Air, ки аз Русия самти Ҳиндустон парвоз мекард, ба далели он, ки гӯё дар дохили ҳавопаймо бомб гузошта шудааст, дар Ӯзбекистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Дар ин бора хабаргузории Ani бо истинод ба фурудгоҳи Ҳиндустон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи як афсари баландрутбаи пулис, ҳавопаймое, ки аз Перм парвоз мекард, бояд соати 4:15 (01:45 ба вақти Маскав) дар фурудгоҳи Даболим дар Гоа фуруд меомад.
Ба гуфтаи ӯ, парвози AZV2463 аз ҷониби ширкати Azur Air пеш аз ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Ҳиндустон рад шудааст.
"Ӯро пас аз он, ки директори фурудгоҳи Даболим паёми электронӣ гирифт, ки дар он дар бораи бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо ҳушдор доданд, бозпас фиристод", - афзудааст афсар.
Ба гуфтаи афсари пулис, дар дохили ҳавопаймо 238 мусофир, аз ҷумла ду кӯдак ва 7 узви экипаж ҳузур доранд.
Авиакатастрофа в Непале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2023
Видеои суқути ҳавопаймо дар Непал
Ҳафтаи гузашта як ҳавопаймои ширкати Azur Air, ки аз Маскав ба Гоа парвоз мекард, дар фурудгоҳи Ҷамнагари аёлати Гуҷароти Ҳинд ба далели гузоришҳо дар бораи эҳтимоли таҷҳизоти тарканда фуруд омад.
Пас аз санҷиши ҳамаҷониба, агентиҳои иктишофии Ҳиндустон дар ҳавопаймо ягон дастгоҳи шубҳанокро наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0