https://sputnik.tj/20230115/video-suqut-havopaymo-nepal-1054222751.html
Видеои суқути ҳавопаймо дар Непал
Видеои суқути ҳавопаймо дар Непал
Sputnik Тоҷикистон
Дар Непал як ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Идораи авиатсияи граждании кишвар марги 68 нафар аз 72 сарнишини ҳавопайморо тасдиқ кард
2023-01-15T18:30+0500
2023-01-15T18:30+0500
2023-01-15T19:54+0500
видео
непал
катманду
ҳавопаймо
ҳодиса
наҷотдиҳанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054220794_0:0:3075:1731_1920x0_80_0_0_085089b917e9a740d5acb04362df1957.jpg
Аз миёни 72 сарнишини ҳавопаймои ширкати "Yeti Airlines" ҳеч нафарашон зинда намондаст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки 4 мусофир дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд. Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.Тоҷикон дар ҳавопаймои суқуткардаи Непал набудаанд: Феҳрасти мусофиронҲавопаймои "ATR 72" бо 72 сарнишин, аз ҷумла 4 узви ҳайати халабонҳо, ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Катманду бо Покхара парвоз доштааст.Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст. Дар мавриди сабаби рух додани фоҷиа феълан иттилои расмие дастрас нест. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандаҳо ва мақомоти тафтишотӣ фаъолият карда истодаанд.
непал
катманду
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054220794_344:0:3075:2048_1920x0_80_0_0_f9e826f0334119d66a4e96d6ee35e99b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, навор, суқут, ҳавопаймо, непал
нашр, навор, суқут, ҳавопаймо, непал
Видеои суқути ҳавопаймо дар Непал
18:30 15.01.2023 (Навсозишуда: 19:54 15.01.2023) Дар Непал як ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Ширкати ҳавопаймоии анҷомдиҳандаи парвоз марги ҳамаи 72 сарнишини ҳавопайморо тасдиқ кард
Аз миёни 72 сарнишини ҳавопаймои ширкати "Yeti Airlines" ҳеч нафарашон зинда намондаст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки 4 мусофир дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Бар асоси феҳрасти нашршуда, аз миёни 68 мусофир 53 нафарашон непалӣ ва 15 нафари боқимонда атбои хориҷӣ будаанд. Дар миёни хориҷиён шаҳрвандони Тоҷикистон зикр нашудаанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни мусофирони хориҷӣ 5 нафарашон шаҳрвандони Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, 2 корягӣ ва якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина, Австралия ва Фаронса будаанд. Дар феҳрасти мусофирон ҳамчунин аз 3 ноболиғ зикр шудааст.
Ҳавопаймои "ATR 72" бо 72 сарнишин, аз ҷумла 4 узви ҳайати халабонҳо, ки ба ширкати ҳавоии "Yeti Airlines" тааллуқ доштааст, аз шаҳри Катманду бо Покхара парвоз доштааст.
Садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳавопаймо дар ҳоли фуруд дар майдони ҳавоии байналмилалии Покхара будааст.
Дар мавриди сабаби рух додани фоҷиа феълан иттилои расмие дастрас нест. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандаҳо ва мақомоти тафтишотӣ фаъолият карда истодаанд.