https://sputnik.tj/20230120/tolib-khatoyashon-sari-qudrat-etirof-1054363224.html
Иштибоҳ кардем: Толибҳо хатояшонро баъди сари қудрат расидан эътироф карданд
Иштибоҳ кардем: Толибҳо хатояшонро баъди сари қудрат расидан эътироф карданд
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо эътироф карданд, ки дар рӯзҳои аввали сари қудрат расидан дар Афғонистон иштибоҳ карданд, ки ҳамаи зиндониёнро раҳо карданд
2023-01-20T13:56+0500
2023-01-20T13:56+0500
2023-01-20T13:57+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
покистон
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054121006_0:0:3021:1700_1920x0_80_0_0_59b5b2ba3a6798721951a035e9eb81e4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Толибҳо афзоиши ҳуҷум аз қаламрави Афғонистон ба Покистонро ба иштибоҳашон дар рӯзҳои аввали сари қудрат расиданашон рабт доданд. Консули генералииАфғонистон дар Пешовар, Ҳофиз Муҳиб дар шарҳи афзоиши ҳуҷумҳо ба Покистон изҳор дошт, ки аъзои ин гуруҳ масти хумори пирӯзӣ дар рӯзҳои аввали қудратдорияшон ҳамаи зиндониён, аз ҷумла "Таҳрики толибҳои Покистон"*-ро озод карданд. Вай афзудаст, ки аз ин иқдом худи толибҳо низ ранҷ мебаранд, чун тасодуфан аъзои ДОИШ*-ро озод карданду феълан алайҳашон мубориза мебаранд. Қаблан дар конфронси Тошканд, вазири умури хориҷии толибҳо, Амирхон Муттақӣ низ эътироф кард, ки ин гуруҳ иштибоҳан ҳудуди 1,8 ҳазор узви гуруҳи ДИИШ*-ро раҳо намуда буд. Толибҳо нимаи августи соли 2021 вориди Кобул шуда, қудрат дар Афғонистонро комилан ғасб намуданду аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Дар зимн баъди сари қудрат расидани толибҳо ҳолатҳои рух додани даргирӣ дар минтақаҳои марзии Покистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Дар ин пасманзар дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд ва афзуданд, толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.Қаблан сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.*-созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20230115/soleh-ima-ukraina-afghoniston-1054223997.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054121006_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_0dd5bdbc07265178113e0d089757bb87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эътироф, толибҳо, хато, қудратдорӣ
эътироф, толибҳо, хато, қудратдорӣ
Иштибоҳ кардем: Толибҳо хатояшонро баъди сари қудрат расидан эътироф карданд
13:56 20.01.2023 (Навсозишуда: 13:57 20.01.2023) Толибҳо эътироф карданд, ки дар рӯзҳои аввали сари қудрат расидан дар Афғонистон иштибоҳ карданд, ки ҳамаи зиндониёнро раҳо карданд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Толибҳо афзоиши ҳуҷум аз қаламрави Афғонистон ба Покистонро ба иштибоҳашон дар рӯзҳои аввали сари қудрат расиданашон рабт доданд.
Консули генералииАфғонистон дар Пешовар, Ҳофиз Муҳиб дар шарҳи афзоиши ҳуҷумҳо ба Покистон изҳор дошт, ки аъзои ин гуруҳ масти хумори пирӯзӣ дар рӯзҳои аввали қудратдорияшон ҳамаи зиндониён, аз ҷумла "Таҳрики толибҳои Покистон"*-ро озод карданд.
Вай афзудаст, ки аз ин иқдом худи толибҳо низ ранҷ мебаранд, чун тасодуфан аъзои ДОИШ*-ро озод карданду феълан алайҳашон мубориза мебаранд.
Қаблан дар конфронси Тошканд, вазири умури хориҷии толибҳо, Амирхон Муттақӣ низ эътироф кард, ки ин гуруҳ иштибоҳан ҳудуди 1,8 ҳазор узви гуруҳи ДИИШ*-ро раҳо намуда буд.
Толибҳо нимаи августи соли 2021 вориди Кобул шуда, қудрат дар Афғонистонро комилан ғасб намуданду аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд.
Дар зимн баъди сари қудрат расидани толибҳо ҳолатҳои рух додани даргирӣ дар минтақаҳои марзии Покистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд.
Дар ин пасманзар дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд ва афзуданд, толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.
Қаблан сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.
*-созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия