https://sputnik.tj/20230115/soleh-ima-ukraina-afghoniston-1054223997.html
Солеҳ: ИМА бо ҳадафи тайёрӣ ба ҷанги Украина аз Афғонистон берун шуд
Солеҳ: ИМА бо ҳадафи тайёрӣ ба ҷанги Украина аз Афғонистон берун шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали собиқи президенти ҷумҳурии исломии Афғонистон, мақомоти амрикоиро дар ҳодисаҳои тобистони соли 2021 рӯйдода айбдор кард
2023-01-15T21:00+0500
2023-01-15T21:00+0500
2023-01-15T21:07+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амруллоҳ солеҳ
помпео
афғонистон
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054223652_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_fc2878cb31ffe61a90c304c486cf37cd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон хориҷ шуд, чун ҳадаф дошт ба ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад. Ин нуктаро собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ дар саҳифааш Twitter дар посух ба суханони собиқ вазири умури хориҷии ИМА, Майк Помпео баён доштааст. Ахиран, Помпео дар суханронии худ дар Донишгоҳи Чикаго гуфт, аслан намехостанд, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақомаш истеъфо диҳаду тарки кишвар кунад.Дар посух Солеҳ мақомдори ИМА-ро фиребкор хонда, афзудааст, ки Ғанӣ қасди сулҳ дошт, аммо Амрико мехост Афғонистонро ба Покистон таслим кунад. Вай ИМА-ро дар суқути Афғонистон айбдор кард. Солеҳ иддао кардааст, ки Амрико мехост бо тасмими пинҳонӣ дар бораи таслими Афғонистон ба Покистон ба як ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад. "Дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен ман имконотро ба ин фиребгар тавзеҳ додам ва 11 далел овардам, ки чаро кишвари моро ба покистониҳо ва террористҳо медиҳед ва ин сулҳ нахоҳад овард", - афзудааст ӯ. Амрико ба хотири манофеи стратегӣ арзишҳои башариро поймол кард ва акнун осонтарин фирор ин қиссаҳои беасос аст, таъкид кард Солеҳ.Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.
https://sputnik.tj/20230113/oghoz-taftishot-khuruj-neruho-amriko-afghoniston-1054184310.html
афғонистон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0f/1054223652_147:0:1927:1335_1920x0_80_0_0_b7079c53d92ffdde92b0a2883c187198.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амруллоҳ солеҳ, суқут, афғонистон, айбдор
амруллоҳ солеҳ, суқут, афғонистон, айбдор
Солеҳ: ИМА бо ҳадафи тайёрӣ ба ҷанги Украина аз Афғонистон берун шуд
21:00 15.01.2023 (Навсозишуда: 21:07 15.01.2023) Муовини аввали собиқи президенти ҷумҳурии исломии Афғонистон, мақомоти амрикоиро дар ҳодисаҳои тобистони соли 2021 рӯйдода айбдор кард
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон хориҷ шуд, чун ҳадаф дошт ба ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад.
Ин нуктаро собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ дар саҳифааш Twitter дар посух ба суханони собиқ вазири умури хориҷии ИМА, Майк Помпео баён доштааст.
Ахиран, Помпео дар суханронии худ дар Донишгоҳи Чикаго гуфт, аслан намехостанд, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақомаш истеъфо диҳаду тарки кишвар кунад.
Дар посух Солеҳ мақомдори ИМА-ро фиребкор хонда, афзудааст, ки Ғанӣ қасди сулҳ дошт, аммо Амрико мехост Афғонистонро ба Покистон таслим кунад. Вай ИМА-ро дар суқути Афғонистон айбдор кард.
Солеҳ иддао кардааст, ки Амрико мехост бо тасмими пинҳонӣ дар бораи таслими Афғонистон ба Покистон ба як ҷанги бузургтар дар Украина омода шавад.
"Дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен ман имконотро ба ин фиребгар тавзеҳ додам ва 11 далел овардам, ки чаро кишвари моро ба покистониҳо ва террористҳо медиҳед ва ин сулҳ нахоҳад овард", - афзудааст ӯ.
Амрико ба хотири манофеи стратегӣ арзишҳои башариро поймол кард ва акнун осонтарин фирор ин қиссаҳои беасос аст, таъкид кард Солеҳ.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.