https://sputnik.tj/20230120/taloshi-shahrdorii-dushanbe-bartaraf-beobi-binoho-1054378506.html
Талоши шаҳрдории Душанбе барои бартарафкардани беобӣ дар бархе биноҳои шаҳр
Талоши шаҳрдории Душанбе барои бартарафкардани беобӣ дар бархе биноҳои шаҳр
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои сард боиси яхбандии қубурҳои об дар бархе аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе шуда, интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинонро мушкил кардааст
2023-01-20T20:25+0500
2023-01-20T20:25+0500
2023-01-20T20:25+0500
дар тоҷикистон
беобӣ
душанбе
шаҳрдорӣ
бартарафсозӣ
сармо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_2a6900a9c7822e448fd8d17780b156e3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кормандони КВД "Обу корези Душанбе" дар чор ноҳияи пойтахт барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд, иттилоъ додааст ба АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи мазкур Зуҳра Сафарзода.Ба гуфтаи вай аксари биноҳои кӯҳнасохт худсарона қубурҳоро аз берун васл намудаанд, ки ба яхбандӣ дучор гардида, мушкили норасоии обро ба вуҷуд овардааст.Инчунин ба гуфтаи вай дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ бинобар худсарона васл намудани қубурҳо ба қубури асосӣ аз ҷониби сокинон низ садамаҳо рух додаанд.Вай афзуд кардааст, ки КВД "Обу корези Душанбе" дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки обтаъминкунии баъзе биноҳои истиқоматӣ бо об душвор гардидааст, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, то сокинон бо об таъмин бошанд.Таъкид гардидааст, ки дар биноҳои Айнӣ 72/А, 72/4, 72/5, 72/6, 74/1, 74/2, 76, 82/1, Назаршоев 325-и ноҳияи Шоҳмансур, дар бинои Рӯдакӣ 91, 93, 94, 95-и хиёбони Рӯдакӣ, 191 ноҳияи И.Сомонӣ, Зарафшон 22, биноҳои 3 ва 4-ошёнаи кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расиданд, ки кормандони корхона онҳоро сари вақт бартарф намуданд.Хонум Сафарзода мегӯяд, ки агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳавосурат гирифт.Ба гуфтаи ў, омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад.“Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд”,- гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20230119/vazorati-naqliyot-sardiho-suzishvori-zimistona-istifoda-1054354052.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_1ce164e4515ca24717fac9221f3560d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беобӣ, душанбе, талош, бартарафкунӣ, сармо, биноҳои шаҳр
тоҷикистон, беобӣ, душанбе, талош, бартарафкунӣ, сармо, биноҳои шаҳр
Талоши шаҳрдории Душанбе барои бартарафкардани беобӣ дар бархе биноҳои шаҳр
Ҳавои сард боиси яхбандии қубурҳои об дар бархе аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе шуда, интиқоли оби ошомиданӣ ба хонаҳои сокинонро мушкил кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кормандони КВД "Обу корези Душанбе" дар чор ноҳияи пойтахт барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд, иттилоъ додааст ба АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи корхонаи мазкур Зуҳра Сафарзода.
Ба гуфтаи вай аксари биноҳои кӯҳнасохт худсарона қубурҳоро аз берун васл намудаанд, ки ба яхбандӣ дучор гардида, мушкили норасоии обро ба вуҷуд овардааст.
Инчунин ба гуфтаи вай дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ бинобар худсарона васл намудани қубурҳо ба қубури асосӣ аз ҷониби сокинон низ садамаҳо рух додаанд.
“Ҷиҳати бартарафсозии он Нозироти идоракунии минтақавии фонди хоҷагии манзил дар ҳамкорӣ бо сокинони бино масъуланд. Вале новобаста ба ин кормандони мо ба кумаки сокинон мешитобанд, то мушкили онҳоро бартараф намоянд”,-изҳор дошт хонум Сафарзода.
Вай афзуд кардааст, ки КВД "Обу корези Душанбе" дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки обтаъминкунии баъзе биноҳои истиқоматӣ бо об душвор гардидааст, ҳамаи тадбирҳоро меандешад, то сокинон бо об таъмин бошанд.
Таъкид гардидааст, ки дар биноҳои Айнӣ 72/А, 72/4, 72/5, 72/6, 74/1, 74/2, 76, 82/1, Назаршоев 325-и ноҳияи Шоҳмансур, дар бинои Рӯдакӣ 91, 93, 94, 95-и хиёбони Рӯдакӣ, 191 ноҳияи И.Сомонӣ, Зарафшон 22, биноҳои 3 ва 4-ошёнаи кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино чунин ҳолатҳо ба мушоҳида расиданд, ки кормандони корхона онҳоро сари вақт бартарф намуданд.
Хонум Сафарзода мегӯяд, ки агар як мушкилии норасоии оби ошомиданӣ дар хонаҳои кӯҳнасохти замони Шӯравӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифта, имрӯз ба яхбандӣ дучор гардидаанд, сабаби зуд-зуд рух додани садамаҳост, ки ин ҳолат низ бо сабаби сардии зиёди ҳавосурат гирифт.
Ба гуфтаи ў, омили дигари танқисии оби ошомиданӣ- ин аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва баъзе хонаҳои баландошёна кушода мондани ҷумакҳои оби ошомиданӣ мебошад.
“Яъне, баъди дар хонаҳо кушода мондани ҷумакҳои об фишор дар қубурҳо суст гардида, норасоии об ба вуҷуд меояд. Ҳангоми аз ҷониби мутахассисони соҳа баланд намудани фишори об ба садама гирифторшавии қубурҳо бештар мегардад, ки ин кори моро дучанд менамояд”,- гуфт ӯ.