Вазорати нақлиёт: Дар ин сардиҳо аз сӯзишвории зимистона истифода намоянд

© Пресс-служба Минтранса ТаджикистанаСнег на дорогах - Таджикистан
Снег на дорогах - Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагони кишвар тавсия додааст, ки шабона дар роҳҳои куҳсор ҳангоми боришоти барф аз ҳаракат худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар ба ронандагони воситаи нақлиёте, ки ба самти Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ҳаракат мекунанд ҳушдор додааст, ки бо назардошти хеле сард омадани мавсими зимистон ва аз - 20°C ва баъзан зиёдтар паст шудани ҳарорати ҳаво, аз сӯзишвории зимистона истифода намоянд.
“Ҳамзамон, воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона ва занҷирҳо таъмин намуда, вақти шабона дар роҳҳои куҳсор ҳангоми боришоти барф аз ҳаракат худдорӣ намоянд”,- илова кардааст вазорати нақлиёт.
Ёдовари мекунем, ки сардиҳои моҳи январ, ба фаъолияти ронандагони мошинҳои боркашонии роҳи байналмилалии Кулма-Хоруғ-Душанбе, ки яке аз шоҳроҳҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад, таъсир расондааст.
Ледники на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Барои мошинҳое, ки дар роҳи ВМКБ ях бастанд, ситоди фаврӣ ташкил шуд
Пастшавии ҳаво дар баъзе мавзеъҳои алоҳидаи яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар — Мурғоб ба 36-40 дараҷа мерасад.
Вобаста ба ин барои дастгирии ронандагон ва мусофирон дар чунин ҳавои сард таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода аз ҷониби мақомоти ноҳияи Мурғоб ситоди фаврӣ таъсис дода шудаст.
“Аз ҷониби ситоди мазкур барои ронандагони мошинҳои боркаши масири байналмилалии Кулма-Хоруғ-Душанбе ва мусофирон нуқтаҳои гарм ташкил ва онҳо бо хӯроки гарму ҷойи хоб таъмин шуданд. Инчунин дар ин нуқтаҳо ба онҳо кумаки тиббӣ расонида шуд”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз ҷониби ситоди мазкур гурӯҳҳои кумаки техникӣ ва кумакрасон ташкил гардидаанд, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0