https://sputnik.tj/20230120/safiri-tojik-imkoniyat-sarmoyaguzori-kazakhexport-1054375093.html
Сафири тоҷик имкониятҳои сармоягузориро барои "KazakhExport"-ро муаррифӣ кард
Сафири тоҷик имкониятҳои сармоягузориро барои "KazakhExport"-ро муаррифӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дипломати тоҷик дар мулоқот бо роҳбари ширкати "KazakhExport" густариши ҳамкориҳо - аз кишоварзӣ то саноату сохтмонро баррасӣ кардааст
2023-01-20T17:05+0500
2023-01-20T17:05+0500
2023-01-20T17:05+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
иқтисод
сармоягузорӣ
ҳамкорӣ
додугирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_39b4da23e533e3eec44267b0ba180f81.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси ширкати суғуртавӣ-содиротии "KazakhExport" Аслан Калигазин мулоқот кард, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.Ба иттилои ин ниҳод, сафир имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро ба раёсати ширкати "KazakhExport" муаррифӣ намуд. Дар рафти мулоқот аз ҷумла зарфияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон ва инчунин логистика баррасӣ гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳаҷми додугирифти солонаи Тоҷикистону Қазоқистон марзи 1,2 млрд долларро гузашта, ҷонибҳо талош доранд, онро ба 1,5 млрд доллар расонанд. Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъдану маҳсулоти кишоварзӣ содир карда, аз ин кишвар нисбатан зиёд орду ғалла ва гази моеъ дастрас мекунад. Ахиран раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳо, махсусан дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд. Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот, муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.
https://sputnik.tj/20230120/peshpardokht-sozishi-davlatali-said-safiri-qazoq-1054359988.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/85/1028638531_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_98ee565eeb8cf9197a86b5913031304f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, ҳамкорӣ, тоҷикистон, қазоқистон
баррасӣ, ҳамкорӣ, тоҷикистон, қазоқистон
Сафири тоҷик имкониятҳои сармоягузориро барои "KazakhExport"-ро муаррифӣ кард
Дипломати тоҷик дар мулоқот бо роҳбари ширкати "KazakhExport" густариши ҳамкориҳо - аз кишоварзӣ то саноату сохтмонро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси ширкати суғуртавӣ-содиротии "KazakhExport" Аслан Калигазин мулоқот кард, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Ба иттилои ин ниҳод, сафир имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистонро ба раёсати ширкати "KazakhExport" муаррифӣ намуд.
Дар рафти мулоқот аз ҷумла зарфияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон ва инчунин логистика баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳаҷми додугирифти солонаи Тоҷикистону Қазоқистон марзи 1,2 млрд долларро гузашта, ҷонибҳо талош доранд, онро ба 1,5 млрд доллар расонанд.
Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъдану маҳсулоти кишоварзӣ содир карда, аз ин кишвар нисбатан зиёд орду ғалла ва гази моеъ дастрас мекунад.
Ахиран раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳо, махсусан дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд.
Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот, муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.