https://sputnik.tj/20230120/dushanbe-garmi-kudakistonu-maktab-1054358319.html
Оғози дарсҳо: ноиби раиси Душанбе гармӣ дар кӯдакистону мактабҳои пойтахтро санҷид
Оғози дарсҳо: ноиби раиси Душанбе гармӣ дар кӯдакистону мактабҳои пойтахтро санҷид
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби раиси шаҳри Душанбе масъулинро маваззаф кардааст, ки дар рӯзҳои сард, дар муассисаҳои таълимии пойтахт гармиро таъмин намоянд
2023-01-20T11:15+0500
2023-01-20T11:15+0500
2023-01-20T11:17+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
талабагон
гарм
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046164667_0:0:2955:1662_1920x0_80_0_0_2447559e5a67aeaa08a12a3a855a0707.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муовини шаҳрдори Душанбе, Дилбар Одилзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ аз бархе макотибу кӯдакистонҳои пойтахт боздид кардааст. Бар асоси иттилои расмӣ, Одилзода аз ҷумла ба мактабҳои рақами 29, 55 ва кӯдакистони рақами 27-и ноҳияи Шоҳмансур рафтааст. "Маълум шуд, ки роҳбарият, мураббиёну омӯзгорон ва шахсони масъул дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки ноиби шаҳрдор дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин барои гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастур додаст. Бар асоси омори расмӣ, дар Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 269 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолиятдоранд. .Маврид ба зикр аст, ки тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон аз 20 январ дарс оғоз гардид. Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз шуда буд, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардида буд.
https://sputnik.tj/20230116/vazorat-sarusado-tamdid-zimistona-tojikiston-1054224243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046164667_35:0:2766:2048_1920x0_80_0_0_f39ae66859b1b1f19368cef383b6f18e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муовин, рустами эмомалӣ, мактаб, гармӣ, санҷид
муовин, рустами эмомалӣ, мактаб, гармӣ, санҷид
Оғози дарсҳо: ноиби раиси Душанбе гармӣ дар кӯдакистону мактабҳои пойтахтро санҷид
11:15 20.01.2023 (Навсозишуда: 11:17 20.01.2023) Ноиби раиси шаҳри Душанбе масъулинро маваззаф кардааст, ки дар рӯзҳои сард, дар муассисаҳои таълимии пойтахт гармиро таъмин намоянд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Муовини шаҳрдори Душанбе, Дилбар Одилзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимӣ аз бархе макотибу кӯдакистонҳои пойтахт боздид кардааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, Одилзода аз ҷумла ба мактабҳои рақами 29, 55 ва кӯдакистони рақами 27-и ноҳияи Шоҳмансур рафтааст.
"Маълум шуд, ки роҳбарият, мураббиёну омӯзгорон ва шахсони масъул дар ҷойи кор ҳозир буда, ҳуҷҷатгузории худро ба танзим медароварданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки ноиби шаҳрдор дар муассисаҳои мазкур бо мураббиёну омӯзгорон суҳбат намуда, ба масъулин барои гарм нигоҳ доштани муассисаҳо дар рӯзҳои сард дастур додаст.
Бар асоси омори расмӣ, дар Душанбе 8 муассисаи ибтидоӣ, 12 асосӣ, 171 миёнаи умумӣ, 146 буҷетии ноҳиявию шаҳрӣ, 9 буҷетии ҷумҳуриявӣ, 12-то дар назди ташкилоту идораҳо, 26 адад хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наздики 269 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳудуди пойтахт 157 муассисаи томактабӣ фаъолиятдоранд. .
Маврид ба зикр аст, ки тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон аз 20 январ дарс оғоз гардид.
Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз шуда буд, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардида буд.