https://sputnik.tj/20230116/vazorat-sarusado-tamdid-zimistona-tojikiston-1054224243.html
Вазорат тамдиди дигарбораи таътили зимистонаро дар Тоҷикистон рад кард
Вазорат тамдиди дигарбораи таътили зимистонаро дар Тоҷикистон рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарусадои паҳншуда дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди тамдиди дигарбораи таътили зимистонаи муассисаҳои томактабӣ ва макотиби миёнаро рад кард
2023-01-16T09:00+0500
2023-01-16T09:00+0500
2023-01-16T09:00+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
маориф
таътил
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_0:300:3082:2034_1920x0_80_0_0_fd198f39a691ce393f90100b1879ba84.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр гардиданд, ки таътил дар Тоҷикистон то 25 январ ва бар асоси бархе манобеъ то 1 феврал тамдид шудаанд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ин хабарҳоро рад намуд. Манбаъ таъкид кард, ки бар асоси қарор таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ аз 16 ба 20 январ тамдид шуд. ЛДарсҳо дар макотибу муассисаҳои томактабӣ аз 20 январ оғоз мешаванд, таъкид намуд манбаъ. "Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.Ин ниҳод сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахтро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.Қаблан муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, ки ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20221028/talaba-tojikiston-tatil-omuzgoron-kor-1052495836.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102975/64/1029756444_237:0:2968:2048_1920x0_80_0_0_d1e6cc120fa750df81a5f1ae04e2a334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рад, таътил, зимистона, тоҷикистон, тамдид
рад, таътил, зимистона, тоҷикистон, тамдид
Вазорат тамдиди дигарбораи таътили зимистонаро дар Тоҷикистон рад кард
Сарусадои паҳншуда дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди тамдиди дигарбораи таътили зимистонаи муассисаҳои томактабӣ ва макотиби миёнаро рад кард
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо нашр гардиданд, ки таътил дар Тоҷикистон то 25 январ ва бар асоси бархе манобеъ то 1 феврал тамдид шудаанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ин хабарҳоро рад намуд.
Манбаъ таъкид кард, ки бар асоси қарор таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ аз 16 ба 20 январ тамдид шуд. ЛДарсҳо дар макотибу муассисаҳои томактабӣ аз 20 январ оғоз мешаванд, таъкид намуд манбаъ.
"Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд", - омадааст дар хабарномаи вазорат.
Зикр гардид, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.
Ин ниҳод сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру навоҳии атрофи пойтахтро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати ба таътил баромадани хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қаблан муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод, ки ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард.