https://sputnik.tj/20230119/savdo-garm-havoi-sard-tojikiston-narkh-suzishvori-arzon-1054351829.html
Савдои “гарм” дар ҳавои сард: Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон шуд
Савдои “гарм” дар ҳавои сард: Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории дизелӣ, ки моҳҳо ба ин тараф бетағйир боқӣ монда буд, андак поён шудааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ низ бетағйир намондааст
2023-01-19T21:30+0500
2023-01-19T21:30+0500
2023-01-19T21:30+0500
дар тоҷикистон
бензин
сӯзишворӣ
нарх
арзон
ҳавои сард
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7a23e79a3ccf4a06dae7ce0cf445577c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Дар тоблӯи ширкатҳое, ки дар навоҳии вилояти Суғд ва фурӯши маводи сӯхт машғуланд тағйирот ворид шудааст. Бар тибқи нархномаи нав дида мешавад, ки арзиши сӯзишвории дизелӣ ба 11, 8 сомонӣ поён шудааст.Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳлили хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди як сол ба ин тараф қариб, ки аз 12 сомонӣ тағйир наёфта буду аз ҳама сӯзишвории гарон арзёбӣ мешавад.Дилшод Улмасов, роҳбари яке аз ширкатҳои фуруши маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд омили поёнравии нархи соляркаро тавзеҳ дод.Зимнан мушоҳида мешавад, ки нархи солярка тамоюли поёнравӣ дорад, аммо арзиши гази моеъ бетағйир мондааст.Феълан нархи гази моеъ 3,6 сомонӣ, бензини навъи АИ 95 – 8 сомонӣ, АИ 92 – 7,6 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,8 сомонӣ рақам зада мешавад.Тоҷикистон талаботи бозори дохилиро аз ҳисоби маводи сӯхти воридотӣ таъмин менамояд. Маводи сӯхт ба кишвар умдатан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
https://sputnik.tj/20230106/gaz-arzon-benzin-garon-taghyiri-qimat-sukht-tojikiston-1054016087.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_143fba8d0f41476bd64987ea2019d6fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, маводи сӯхт, нарх, сӯзишворӣ, бензин, гази моеъ, арзон
тоҷикистон, суғд, маводи сӯхт, нарх, сӯзишворӣ, бензин, гази моеъ, арзон
Савдои “гарм” дар ҳавои сард: Дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ арзон шуд
Дар Тоҷикистон нархи сӯзишвории дизелӣ, ки моҳҳо ба ин тараф бетағйир боқӣ монда буд, андак поён шудааст. Дар ин миён арзиши гази моеъ низ бетағйир намондааст
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Дар тоблӯи ширкатҳое, ки дар навоҳии вилояти Суғд ва фурӯши маводи сӯхт машғуланд тағйирот ворид шудааст. Бар тибқи нархномаи нав дида мешавад, ки арзиши сӯзишвории дизелӣ ба 11, 8 сомонӣ поён шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳлили хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ ҳудуди як сол ба ин тараф қариб, ки аз 12 сомонӣ тағйир наёфта буду аз ҳама сӯзишвории гарон арзёбӣ мешавад.
Дилшод Улмасов, роҳбари яке аз ширкатҳои фуруши маводи сӯхт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд омили поёнравии нархи соляркаро тавзеҳ дод.
“Сабаби асосии арзон шудани солярка ин ба воридоти он аз ҳориҷа вобастагии зич дорад. Шурӯъ аз ҳамин ҳафта ин ин навъи сӯзишворӣ бо нархи нисбатан арзон дастрас карда шуд” – таъкид кард, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Зимнан мушоҳида мешавад, ки нархи солярка тамоюли поёнравӣ дорад, аммо арзиши гази моеъ бетағйир мондааст.
Феълан нархи гази моеъ 3,6 сомонӣ, бензини навъи АИ 95 – 8 сомонӣ, АИ 92 – 7,6 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,8 сомонӣ рақам зада мешавад.
Тоҷикистон талаботи бозори дохилиро аз ҳисоби маводи сӯхти воридотӣ таъмин менамояд. Маводи сӯхт ба кишвар умдатан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.