https://sputnik.tj/20230119/gardish-savdo-khoriji-tojikiston-manfi-boqi-memonad-1054328227.html
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ мемонад
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад - ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст 19.01.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-01-19T11:34+0500
2023-01-19T11:34+0500
2023-01-19T11:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Чунин маълумотро Агентии омори ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад. Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад. Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошт. Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, таваррум дар соли 2023, 6% ва дар соли 2024, 6,1% афзоиш хоҳад ёфт. Зимнан зикр гардид, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20230112/sodiroti-mahsuloti-kishovarzii-khatlon-ba-haft-kishvari-jahon--1054173167.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ мемонад
Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад - ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Чунин маълумотро Агентии омори ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.
Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.
Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст.
Дар ин давра Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошт. Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, таваррум дар соли 2023, 6% ва дар соли 2024, 6,1% афзоиш хоҳад ёфт.
Зимнан зикр гардид, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.