Фармони Раҳмон дар бораи интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон, президент Таджикистана
Эмомали Рахмон, президент Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Обуна шудан
Тибқи фармони раисҷумҳур интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли равон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар фармони нашршудаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, санаи таъйин намудани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо нашр шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 14 феврали соли 2023 гузаронида шавад.
Раисҷумҳур фармон додааст, ки ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.
Таъкид шудааст, ки фармон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Тоҷикистон” содир шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите ОДКБ в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2023
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард
Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, машваратчиёни халқии судҳо бо назардошти таҷрибаи зиндагӣ, рафтору эътибор ва маҳалли зисти онҳо интихоб мешаванд ва шарт нест, ки онҳо дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ бошанд.
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов машваратчиён баъди таҳлили моҳияти ҷиноят ва ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда ба додрас ибрози ақида мекунад ва назарашонро ба инобат гирифта мегиранд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, машваратчиёни суд танҳо дар баррасии парвандоҳе ширкат мекунанд, ки пушти дарҳои боз баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0