https://sputnik.tj/20230119/tauyirt-kadr-tojikiston-rahmon-barkanor-tayin-1054333592.html
Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард
Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат ба думболи иваз кардани роҳбари Вазорати меҳнат, ҳамчунин дар Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғлт аҳолӣ низ таӯйироти кадрӣ анҷом дод
2023-01-19T13:51+0500
2023-01-19T13:51+0500
2023-01-19T14:46+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053036953_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_f737359378b7e9ce02de617fbc3ea45e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон кадрҳои Вазорати меҳнат, Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷобаҷо кард.Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин таъйин гадид.Давлатзода то таъйин шудан ба ин вазифа муовини директори Агентии омор буд.Ҳамчунин бо фармони дигари президент, Баротзода Бобохон Хол аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барканор шуд. Иллати барканории Хол баромадан ба нафақа арзёбӣ шуд.Зимнан, ба курсии Бобохон Хол бо фармони роҳбари давлат Ашурализода Абдураҳмон такя зад.Роҳбари давлат дар Хадамоти муҳоҷират низ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бо фармони ӯ, Каримзода Тоҳир сардори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа барканор шуд. Ба ҷои ӯ, Нодирзода Иматшо сардори хадамот таъйин гардид.Қаблан. Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзодаро барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзодаро таъйин намуд. Ҳасанзода дар гузашта директори Агентии омор буд.Роҳбари собиқи Вазорати меҳнат то ҳол ба ягон вазифа таъйин нашудааст.
https://sputnik.tj/20230109/mushkilot-bartaraf-nakhustin-jalasa-hasanzoda-1054070468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053036953_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_dd1f7d508a5d6bcf20c735b48abc74a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон тағйироти кадрӣ эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон тағйироти кадрӣ эмомалӣ раҳмон
Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: Раҳмон киҳоро барканору таъйин кард
13:51 19.01.2023 (Навсозишуда: 14:46 19.01.2023) Роҳбари давлат ба думболи иваз кардани роҳбари Вазорати меҳнат, ҳамчунин дар Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон кадрҳои Вазорати меҳнат, Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷобаҷо кард.
Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин таъйин гадид.
Давлатзода то таъйин шудан ба ин вазифа муовини директори Агентии омор буд.
Ҳамчунин бо фармони дигари президент, Баротзода Бобохон Хол аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барканор шуд. Иллати барканории Хол баромадан ба нафақа арзёбӣ шуд.
Зимнан, ба курсии Бобохон Хол бо фармони роҳбари давлат Ашурализода Абдураҳмон такя зад.
Роҳбари давлат дар Хадамоти муҳоҷират низ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бо фармони ӯ, Каримзода Тоҳир сардори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа барканор шуд. Ба ҷои ӯ, Нодирзода Иматшо сардори хадамот таъйин гардид.
Қаблан. Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзодаро барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзодаро таъйин намуд. Ҳасанзода дар гузашта директори Агентии омор буд.
Роҳбари собиқи Вазорати меҳнат то ҳол ба ягон вазифа таъйин нашудааст.