https://sputnik.tj/20230118/zavqizoda-behtar-faoliyat-kambudi-norasoi-bartaraf-1054298246.html
Завқизода: Барои беҳтар кардани фаъолият камбудиву норасоиҳо бартараф шаванд
Завқизода: Барои беҳтар кардани фаъолият камбудиву норасоиҳо бартараф шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ба кормандонаш барои беҳтар кардани фаъолият супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд
2023-01-18T14:50+0500
2023-01-18T14:50+0500
2023-01-18T14:50+0500
супориш
камбудӣ
бартарафсозӣ
дар тоҷикистон
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054298075_0:22:1697:977_1920x0_80_0_0_f11ba0a57e1316cdeee72b6e6c165aba.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Масъалаҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли равон ахиран дар ҷаласае Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баррасӣ гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати мазкур.Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода баргузор шудааст.Дар он муовинони вазир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон иштирок доштанд.Дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати дар соли 2022 баррасӣ гардид.Завқӣ Завқизода дар барои иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президент, ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.Ҳмзамон дар ин ҷаласа ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
https://sputnik.tj/20220813/bor-tojikiston-peshsaf-rushd-iqtisod-1050685309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054298075_235:0:1538:977_1920x0_80_0_0_48282d429e3d953e8f102623ba23b4ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, вазорат, рушди иқтисод, савдо, камбудӣ, бартараф, завқизода, супориш
тоҷикистон, иқтисод, вазорат, рушди иқтисод, савдо, камбудӣ, бартараф, завқизода, супориш
Завқизода: Барои беҳтар кардани фаъолият камбудиву норасоиҳо бартараф шаванд
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ба кормандонаш барои беҳтар кардани фаъолият супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Масъалаҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли равон ахиран дар ҷаласае Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баррасӣ гардидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати мазкур.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода баргузор шудааст.
Дар он муовинони вазир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Чин, Ӯзбекистон, Туркия, Олмон иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва фаъолияти Вазорати дар соли 2022 баррасӣ гардид.
Завқӣ Завқизода дар барои иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президент, ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳмзамон дар ин ҷаласа ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.