Ташкили Кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмии Эрон ва Тоҷикистон

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2023
Обуна шудан
Тоҷикистону Эрон дар бораи густаришу таҳкими муносибатҳои илмӣ ба вижа ҳамкори аъзои ҳайати илмӣ ва пажуҳишгарони ду кишвар дар тарҳҳои муштарак таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ваҳиди Ҳадодиасл қоимақоми вазири улуму таҳқиқот ва фановарии Эрон дар умури байналмилали ва Фарҳоди Раҳим, раиси академияи улуми Тоҷикистон бар густариш ва таҳкими муносибатҳои илмӣ ба вижа ҳамкори аъзои ҳайати илмӣ ва пажуҳишгарони ду кишвар дар тарҳҳои муштарак таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Тибқи иттилои манбаъ мулоқоти вазири улуму таҳқиқот ва фановарии Эрон дар умури байналмилали ва раиси академияи улуми Тоҷикистон ахиран дар Теҳрон сурат гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки дар ин дидор, тарафайн бар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фановари таъкид карданд ва муқарар шуд кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ба зуди ташкил шавад.
Дидори Вазири умури хориҷии Тоҷикистон  бо сафири Эрон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Изҳори таслияти Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон вобаста ба амали террористӣ
Оқои Ваҳиди Ҳадодиасл дин ва забони муштарак ва наздикии ҷуғрофияро аз омилҳое донистааст, ки метавонад бар густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон муассир бошад.
Ба гуфтаи вай гузаштаи равобити ду кишвар низ ҳамкори ва дӯсти буда аст.
Раиси академияи улуми Тоҷикисон низ ба алоқамандии кишвараш барои ҳамкори бо Эрон ишора кард ва гуфт, бо табодули дастовардҳои илмии ду кишвар метавон ба рушди ду кишвар кумак кард.
Лентаи хабарҳо
0