https://sputnik.tj/20221110/izhori-tasliyat-tojikiston-eron-amali-terroristi-1052747127.html
Изҳори таслияти Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон вобаста ба амали террористӣ
Изҳори таслияти Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон вобаста ба амали террористӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвар ба давлат ва мардуми бародари Эрон вабаста ба амали террористӣ дар Шоҳчароғ ибрози таслият намуд
2022-11-10T21:20+0500
2022-11-10T21:20+0500
2022-11-10T21:20+0500
дар тоҷикистон
эрон
вазири хориҷа
изҳори таслият
мардум
амали террористӣ
сироҷиддин муҳриддин
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0a/1052746967_0:137:1200:812_1920x0_80_0_0_2ce7dde80a82cbbf61fb42bc286db71b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати кишвар ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд.Вазири хориҷа паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон ба раисҷумҳури Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буд.Раисҷумҳури кишвар амали террористӣ дар Шоҳчароғро ҳамлаи золимона номид ва вобаста ба ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, изҳори ҳамдардӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон амали террористиро қотеона маҳкум мекунад ва зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид кард.Ёдовар мешавем, ки мақомоти Эрон ахиран гуфт, ки , бар асари тирпаронӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон қариб 15 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои расонаи хабарии “ИРНА”, мақомоти Эрон 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.Расонаҳо хабар доданд, ки тирандоз дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ шаҳрванди Тоҷикистон бо тахаллуси "Абу Оиша”, будааст.Ӯ дар ҳамла ба ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро куштааст.
https://sputnik.tj/20221110/dushanbe-tehron-shahvrad-hamla-shohcharog-sharh-1052738444.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0a/1052746967_49:0:1178:847_1920x0_80_0_0_dbe5c392f3b7efa70fe5b06be4ee0161.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таслият, мақомот, ҳукумат, мардум эрон, амали террорстӣ, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, таслият, мақомот, ҳукумат, мардум эрон, амали террорстӣ, вазири хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
Изҳори таслияти Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон вобаста ба амали террористӣ
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати кишвар ба давлат ва мардуми бародари Эрон вабаста ба амали террористӣ дар Шоҳчароғ ибрози таслият намуд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати кишвар ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд.
Вазири хориҷа паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон ба раисҷумҳури Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буд.
Раисҷумҳури кишвар амали террористӣ дар Шоҳчароғро ҳамлаи золимона номид ва вобаста ба ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, изҳори ҳамдардӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон амали террористиро қотеона маҳкум мекунад ва зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид кард.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Эрон ахиран гуфт, ки , бар асари тирпаронӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон қариб 15 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои расонаи хабарии “ИРНА”, мақомоти Эрон 26 гумонбарро боздошт кардаанд ва эҳтимол онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ иртибот доштанд ва “ҳамаи онҳо шаҳрвандони Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд”.
Расонаҳо хабар доданд, ки тирандоз дар зиёратгоҳи Шоҳчароғ шаҳрванди Тоҷикистон бо тахаллуси "Абу Оиша”, будааст.Ӯ дар ҳамла ба ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро куштааст.