https://sputnik.tj/20230118/qazoqiston-qoida-vurud-muhoji-sangin-1054289669.html
Қазоқистон қоидаҳои вурудро барои муҳоҷирон сангинтар кард: чӣ тағйир ёфт
Қазоқистон қоидаҳои вурудро барои муҳоҷирон сангинтар кард: чӣ тағйир ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон қоидаҳои будубоши бидуни раводидро тағйир дод. Аз нав барқарор кардани муҳлатҳо тавассути тарк кардан ва бозгашти фаврӣн дигар кор намекунад
2023-01-18T10:21+0500
2023-01-18T10:21+0500
2023-01-18T10:21+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
иҷозаи вуруд
маҳдудият
қонун
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_0bdaeb3063bbdb8eaad81e4257a2a831.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро тағйир дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ."Шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ворид мешаванд, метавонанд 30 рӯз дар кишвари мо бимонанд. Аммо, давоми 180 рӯз, муҳлати умумии будубоши онҳо набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО, ки ба Қазоқистон омадаанд, низ ҳамин тавр, набояд давоми 180 рӯз беш аз 90 рӯз дар кишвар бошанд", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат. Маҳдудиятҳо дар бораи муҳлати 180 рӯзӣ қаблан вуҷуд надоштанд: пештар хориҷиён метавонистанд шартҳои будубошро бо роҳи тарк кардани Қазоқистон ва баргаштан “сифр" кунанд. Чин маҳдудиятҳои вуруд ба кишварро барои шаҳрвандони Тоҷикистон лағв кардБа гуфтаи мақомоти ин кишвар, чунин талабот дар таҷрибаи байналмилалӣ, масалан, барои шаҳрвандони Қазоқистон дар Русия, Гурҷистон, Белорус ва Украина муқаррар шудааст. Маҳдудиятҳои нав ба хориҷиёне, ки бо раводид вориди кишвар шудаанд ё иҷозаи иқомати муваққатӣ додаанд, дахл надорад. Қоидаҳои нави вуруд, аз 27 январ эътибор пайдо мекунанд.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_96bd28b7069593314edc0c46df11bb27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоидаҳои нав, вуруд, қазоқистон
қоидаҳои нав, вуруд, қазоқистон
Қазоқистон қоидаҳои вурудро барои муҳоҷирон сангинтар кард: чӣ тағйир ёфт
Қазоқистон қоидаҳои будубоши бидуни раводидро тағйир дод. Аз нав барқарор кардани муҳлатҳо тавассути тарк кардан ва бозгашти фаврӣ, дигар кор намекунад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро тағйир дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
"Шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ворид мешаванд, метавонанд 30 рӯз дар кишвари мо бимонанд. Аммо, давоми 180 рӯз, муҳлати умумии будубоши онҳо набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО, ки ба Қазоқистон омадаанд, низ ҳамин тавр, набояд давоми 180 рӯз беш аз 90 рӯз дар кишвар бошанд", - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Маҳдудиятҳо дар бораи муҳлати 180 рӯзӣ қаблан вуҷуд надоштанд: пештар хориҷиён метавонистанд шартҳои будубошро бо роҳи тарк кардани Қазоқистон ва баргаштан “сифр" кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, чунин талабот дар таҷрибаи байналмилалӣ, масалан, барои шаҳрвандони Қазоқистон дар Русия, Гурҷистон, Белорус ва Украина муқаррар шудааст.
Маҳдудиятҳои нав ба хориҷиёне, ки бо раводид вориди кишвар шудаанд ё иҷозаи иқомати муваққатӣ додаанд, дахл надорад.
Қоидаҳои нави вуруд, аз 27 январ эътибор пайдо мекунанд.