https://sputnik.tj/20230117/tafsilot-muhim-muzokirot-kabulov-tolibho-1054266759.html
Тафсилоти муҳими музокироти Кабулов бо толибҳо маълум шуд
Тафсилоти муҳими музокироти Кабулов бо толибҳо маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Кобул гуфт, ки Федератсияи Русия ва намояндагони ҳукумати Толибон* рушди минбаъдаи равобити тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд
2023-01-17T14:33+0500
2023-01-17T14:33+0500
2023-02-08T19:46+0500
афғонистон
замир кабулов
сиёсат
дар ҷаҳон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:144:3077:1875_1920x0_80_0_0_cd856ba943fa5e646fd3940aaa444f44.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири бахши дуввуми Осиё Замир Кабулов бо Толибон* афзоиши воридот аз Русияро баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи сафорати Русия дар Кобул, бо намояндагони ҳукумати Толибон* муҳайё кардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо баррасӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан Кабулов бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Афғонистон низ мулоқот карда, дар ҷараёни он равобити дуҷониба, мушкилоти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд. Толибон ба Кобулов дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир гуфтаанд ва изҳор доштаанд, ки рӯйи ин раванд кор мекунанд.Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.*- cозмоне, ки барои аъмоли террористӣ зери таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230110/patrushev-ima-afghoniston-omodagi-kiev-hamla-1054098570.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d5b7a34ac219e6dd084f9b916f857c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот муҳим музокирот кабулов о толибҳо
тафсилот муҳим музокирот кабулов о толибҳо
Тафсилоти муҳими музокироти Кабулов бо толибҳо маълум шуд
14:33 17.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сафорати Русия дар Кобул гуфт, ки Федератсияи Русия ва намояндагони ҳукумати Толибон* рушди минбаъдаи равобити тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири бахши дуввуми Осиё Замир Кабулов бо Толибон* афзоиши воридот аз Русияро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи сафорати Русия дар Кобул, бо намояндагони ҳукумати Толибон* муҳайё кардани шароити мусоид барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ин кишварҳо баррасӣ шудааст.
"Бо шарикони афғон тавсеъаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши воридот аз Русия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироти Афғонистон ба Федератсияи Русия баррасӣ шуд", - гуфт намояндагии дипломатӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кабулов бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Афғонистон низ мулоқот карда, дар ҷараёни он равобити дуҷониба, мушкилоти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кардаанд.
Толибон ба Кобулов дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир гуфтаанд ва изҳор доштаанд, ки рӯйи ин раванд кор мекунанд.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.
*- cозмоне, ки барои аъмоли террористӣ зери таҳримоти СММ қарор дорад.