https://sputnik.tj/20230110/patrushev-ima-afghoniston-omodagi-kiev-hamla-1054098570.html
Патрушев: Хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла рабт дошт
Патрушев: Хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла рабт дошт
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран эълон кард, ки хориҷ шудани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла ба Донбасс вобастагӣ дошт
2023-01-10T18:55+0500
2023-01-10T18:55+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
украина
донбасс
има
амрико
афғонистон
киев
кобул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_eb6cac9bcb0f87997ffab16a7a8f02df.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои худро аз Афғонистон ба хотири омодасозии Киев ба амалиёт барои ҳамла ба Донбасс берун кардааст, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты"."Хориҷи ногаҳонии амрикоиҳо аз ин кишвар, тавре маълум шуд, бештар ба он вобаста буд, ки ба Украина аҳамияти бештар диҳанд ва режими лухтаки Киевро барои ҳамла зидди Русия омода намоянд. Инро Котиби давлатии ИМА оқои Блинкен ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки агар низомиёни амрикоӣ Афғонистонро тарк намекарданд, Вашингтон наметавонист ба Украина ин қадар маблағ ихтисос диҳанд”, - шарҳ дод ӯ.Патрушев идома дод, ки Пентагон як қисми таҷҳизот аз Афғонистон гирифташударо ба Аврупо, асосан ба Полша интиқол дод ва ба аврупоиҳо имкон дод, ки режими Киевро бо силоҳ таъмин кунанд.Ба гуфтаи дабири Шӯрои Амният, ҳузури Амрико дар Афғонистон на ба мубориза бо терроризм, балки эҷоди тарҳҳои фасодии чандмиллиондолларӣ ва афзоиши чандинкаратаи тавлиди маводди мухаддир табдил шудааст.Дар авохири моҳи декабр Антони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳузур медоштанд, ироаи кумакҳо ба Украина барои Вашингтон ба маротиб мушкилтар хоҳад буд.Моҳи январ мушовири амниятии ИМА Ҷейк Салливан қайд кард, ки агар Амрико то ҳол дар Афғонистон меҷангид, "ин як ҳадафи хубе барои Русия хоҳад буд."Ҷо Байден дар маъракаи интихоботии худ дар соли 2020 дар бораи зарурати хуруҷи зудтари нирӯҳо аз Афғонистон суханронӣ кард.Дар охири моҳи августи соли 2021 нерӯҳои амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карданд, ки ба ҳузури тақрибан 20-солаи онҳо дар ин кишвар хотима гузоштанд.
https://sputnik.tj/20230109/patrushev-aksari-ukrainiho-dark-kardand-ki-bo-dastoni-onho-gharb-bo-rusiya-mejangad-1054075259.html
украина
има
амрико
афғонистон
киев
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0a/1054091848_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_1e616b872006467fb2fa6a194c906c0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, има, амрико, хуруҷ, нерӯҳо, украина, донбасс, киев, ҳамла, афғонистон
русия, има, амрико, хуруҷ, нерӯҳо, украина, донбасс, киев, ҳамла, афғонистон
Патрушев: Хориҷ шудани нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла рабт дошт
18:55 10.01.2023 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран эълон кард, ки хориҷ шудани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба омодагии Киев барои ҳамла ба Донбасс вобастагӣ дошт
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои худро аз Афғонистон ба хотири омодасозии Киев ба амалиёт барои ҳамла ба Донбасс берун кардааст, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты".
"Хориҷи ногаҳонии амрикоиҳо аз ин кишвар, тавре маълум шуд, бештар ба он вобаста буд, ки ба Украина аҳамияти бештар диҳанд ва режими лухтаки Киевро барои ҳамла зидди Русия омода намоянд. Инро Котиби давлатии ИМА оқои Блинкен ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки агар низомиёни амрикоӣ Афғонистонро тарк намекарданд, Вашингтон наметавонист ба Украина ин қадар маблағ ихтисос диҳанд”, - шарҳ дод ӯ.
Патрушев идома дод, ки Пентагон як қисми таҷҳизот аз Афғонистон гирифташударо ба Аврупо, асосан ба Полша интиқол дод ва ба аврупоиҳо имкон дод, ки режими Киевро бо силоҳ таъмин кунанд.
Ба гуфтаи дабири Шӯрои Амният, ҳузури Амрико дар Афғонистон на ба мубориза бо терроризм, балки эҷоди тарҳҳои фасодии чандмиллиондолларӣ ва афзоиши чандинкаратаи тавлиди маводди мухаддир табдил шудааст.
Дар авохири моҳи декабр Антони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳузур медоштанд, ироаи кумакҳо ба Украина барои Вашингтон ба маротиб мушкилтар хоҳад буд.
Моҳи январ мушовири амниятии ИМА Ҷейк Салливан қайд кард, ки агар Амрико то ҳол дар Афғонистон меҷангид, "ин як ҳадафи хубе барои Русия хоҳад буд."
Ҷо Байден дар маъракаи интихоботии худ дар соли 2020 дар бораи зарурати хуруҷи зудтари нирӯҳо аз Афғонистон суханронӣ кард.
Дар охири моҳи августи соли 2021 нерӯҳои амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карданд, ки ба ҳузури тақрибан 20-солаи онҳо дар ин кишвар хотима гузоштанд.