Қирғизистон аз Туркия боз ҳавопаймоҳои бесарнишин мехарад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкТурецкий беспилотник
Турецкий беспилотник  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Сухан дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини модели Anka меравад. Дар ҳамин ҳол, теъдоди таҷҳизоти низомии харидашуда мушаххас нашудааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қирғизистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини модели "Anka*-ро харидорӣ кард, гуфт Дайирбек Орунбеков, сардори шӯъбаи сиёсати иттилоотии маъмурияти давлатӣ.
"Ба Қирғизистон таҷҳизоти замонавии бесобиқаи низомӣ - Байрактар, Аксунгур, Акинҷӣ, Анка харидорӣ ва интиқол дода шуд", - навиштааст, ӯ дар саҳифаи расмияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аммо дар баробари ин Орунбеков мушаххас накардааст, ки чӣ миқдор техникаи низомӣ ворид шудааст.
Қаблан мақомоти Қирғизистон аз харидории моделҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Байрактар, Аксунгур ва Акинҷӣ дар Туркия низ хабар дода буданд.
Дарҳол пас аз ба кишвар интиқол ёфтан онҳо ба ихтиёри Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ супурда шуданд.
Иранские военные учения с применением беспилотников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Тоҷикистон хостори хариди бесарнишинҳои эронӣ шудааст
Бесарнишини тамғаи "Анка" дарозии болаш 17,5 метр, дарозиаш 8,6 метр ва баландии 3,2 метрро доро буда, вазни он 1,7 тонна мебошад.
Суръати ҳаракати "Анка" - тақрибан 200 км / соат дар баландии 9,1 ҳазор метр аз сатҳи замин аст.
Ҳавопаймои бесарнишини туркӣ метавонад тақрибан 350 кг борро бардошта, то 30 соат бо он дар ҳаво бимонад.
Лентаи хабарҳо
0