https://sputnik.tj/20230117/novosibirsk-kambudi-nerui-kori-1054266945.html
Новосибирск дучори камбуди нерӯи корӣ шудааст
Новосибирск дучори камбуди нерӯи корӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон камбуди нерӯи кориро дар минтақаи Новосибирск ба ҷой доштани фосилаи демографӣ, паёмадҳои пандемия ва коҳиши вуруди муҳоҷирон рабт медиҳанд
2023-01-17T14:00+0500
2023-01-17T14:00+0500
2023-01-17T14:00+0500
дар русия
муҳоҷират
кор
меҳнат
новосибирск
қувва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133136_0:120:3072:1848_1920x0_80_0_0_b97a207ba4e1d25a2ebf230e1c7f728c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар Новосибирск қариб дар ҳамаи бахшҳо камбуди нерӯи корӣ ҷой дорад, изҳор дошт волии минтақа, Андрей Травников. Ӯ аз камбуди кадрҳо зимни мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин изҳор доштаст. Дар мавриди вокуниши иқтисоди минтақа ба таҳримоти эълоншуда зикр гардид, ки таъсири такондиҳандае сабт нашуда, оромона қабул шуд. "Иқтисоди мо хеле гуногунсамта аст, бидуни вобастагӣ аз соҳаҳои алоҳида. Таҳримот амалан ба вазъ дар бозори меҳнат таъсир нарасонидаанд, он мӯътадил аст, бекорӣ ҳатто коҳиш ёфтааст", - гуфт Травников.Дар феҳрасти бахшҳое, ки дар он кадрҳо намерасанд, аз ҷумла саноат, савдо, хоҷагии қишлоқи мавсимӣ, нақлиёт, маориф ва нигаҳдории тандурустӣ зикр гардидаанд.Ин нуктаро қаблан муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии вилояти Новосибирск Владимир Машанов низ таъкид карда буд. Коршиносон сабаби камбуди кадрҳоро "чоҳ"-и демографии солҳои 90-уми асри гузашта медонанд, ки бо афзоиши синни аҳолии қобили кор ва коҳиши вуруди ҷавонон ба бозори меҳнат рабт дорад.Илова бар ин, намояндаи минтақавии "Авито Работа" дар Сибир, Екатерина Салостий бар ин назар аст, ки ба нарасидани коргарон дар баъзе соҳаҳо пандемия ва паёмадҳои он, аз ҷумла коҳиши вуруди муҳоҷирони корӣ ба таври ҷиддӣ таъсир расонидааст.
https://sputnik.tj/20221228/vazi-muhojiron-rusiya-taghyir-meyobad-1053852855.html
новосибирск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033133136_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8f2cb454202378ac1140b810767b5047.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршиносон, камбуд, нерӯ, корӣ, новосибирск
коршиносон, камбуд, нерӯ, корӣ, новосибирск
Новосибирск дучори камбуди нерӯи корӣ шудааст
Коршиносон камбуди нерӯи кориро дар минтақаи Новосибирск ба ҷой доштани фосилаи демографӣ, паёмадҳои пандемия ва коҳиши вуруди муҳоҷирон рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар Новосибирск қариб дар ҳамаи бахшҳо камбуди нерӯи корӣ ҷой дорад, изҳор дошт волии минтақа, Андрей Травников.
Ӯ аз камбуди кадрҳо зимни мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин изҳор доштаст.
Дар мавриди вокуниши иқтисоди минтақа ба таҳримоти эълоншуда зикр гардид, ки таъсири такондиҳандае сабт нашуда, оромона қабул шуд.
"Иқтисоди мо хеле гуногунсамта аст, бидуни вобастагӣ аз соҳаҳои алоҳида. Таҳримот амалан ба вазъ дар бозори меҳнат таъсир нарасонидаанд, он мӯътадил аст, бекорӣ ҳатто коҳиш ёфтааст", - гуфт Травников.
Дар феҳрасти бахшҳое, ки дар он кадрҳо намерасанд, аз ҷумла саноат, савдо, хоҷагии қишлоқи мавсимӣ, нақлиёт, маориф ва нигаҳдории тандурустӣ зикр гардидаанд.
Ин нуктаро қаблан муовини вазири меҳнат ва рушди иҷтимоии вилояти Новосибирск Владимир Машанов низ таъкид карда буд.
Коршиносон сабаби камбуди кадрҳоро "чоҳ"-и демографии солҳои 90-уми асри гузашта медонанд, ки бо афзоиши синни аҳолии қобили кор ва коҳиши вуруди ҷавонон ба бозори меҳнат рабт дорад.
Илова бар ин, намояндаи минтақавии "Авито Работа" дар Сибир, Екатерина Салостий бар ин назар аст, ки ба нарасидани коргарон дар баъзе соҳаҳо пандемия ва паёмадҳои он, аз ҷумла коҳиши вуруди муҳоҷирони корӣ ба таври ҷиддӣ таъсир расонидааст.