https://sputnik.tj/20230117/jumak-masulin-gunahkoron-beobi-poytakht-1054263186.html
Ҷумакро кушода мондаанд: Масъулин гунаҳкорони беобиро дар пойтахт эълон карданд
Ҷумакро кушода мондаанд: Масъулин гунаҳкорони беобиро дар пойтахт эълон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини "Обу корези Душанбе" аз шаҳрвандон хостанд, обро ба қадри кофӣ захира намоянду ба ҳеч сурат ҷумакҳои обро кушода нагузоранд
2023-01-17T12:40+0500
2023-01-17T12:40+0500
2023-01-17T12:40+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
об
сардӣ
хона
таъмин кардан
камбудӣ
квд "обу корези душанбе"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102217/69/1022176952_0:0:1401:788_1920x0_80_0_0_1a612049e76d4247c0339c4d0e5ebbdc.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бисёре аз шаҳрвандон ба хотири пешгирии яхбандӣ дар қубурҳои оби ошомиданӣ ҷумакҳои обро кушода мондаанд, ки мушкили танқисии обро дар хонаҳои сокинон ба вуҷуд овардааст.Ин нуктаро бо нашри як эълон корхонаи "Обу корези Душанбе" баён дошта, афзуд, ки ба далели ҷумакҳои кушода фишори об паст ва таъмини аҳолӣ бо об душвор шудаст. Масъулин аз сокинон хостаанд, обро ба қадри зарурӣ захира намуда, ҷумакҳои обро маҳкам намоянд.Қаблан хабар дода шуд, ки сардии шадид дар Душанбе ва яхбандии қубурҳо боиси камбуди об дар бархе аз навоҳии пойтахт шудааст. "Норасоии об дар баъзе қисматҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад ва шаҳрвандонро нигарон намудааст. Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона ба минтақаҳое, ки мушкили об доранд, мошинҳои обкашӣ сафарбар шудаанд", - изҳор дошта буданд масъулин. Зикр гардид, ки дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст, ба яхбандӣ бештар дучор гардидаанд.Ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад. Чунин сармо ҷумҳурӣ то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, иттилоъ доданд масъулини Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
https://sputnik.tj/20230117/arz-mardum-sardi-tashkili-telefon-tojikiston-1054258631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102217/69/1022176952_174:0:1225:788_1920x0_80_0_0_03b1a4d9b59116da73d5210384007b53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, сабаб, беобӣ, душанбе
эълон, сабаб, беобӣ, душанбе
Ҷумакро кушода мондаанд: Масъулин гунаҳкорони беобиро дар пойтахт эълон карданд
Масъулини "Обу корези Душанбе" аз шаҳрвандон хостанд, обро ба қадри кофӣ захира намоянду ба ҳеч сурат ҷумакҳои обро кушода нагузоранд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бисёре аз шаҳрвандон ба хотири пешгирии яхбандӣ дар қубурҳои оби ошомиданӣ ҷумакҳои обро кушода мондаанд, ки мушкили танқисии обро дар хонаҳои сокинон ба вуҷуд овардааст.
Ин нуктаро бо нашри як эълон корхонаи "Обу корези Душанбе" баён дошта, афзуд, ки ба далели ҷумакҳои кушода фишори об паст ва таъмини аҳолӣ бо об душвор шудаст.
"Мутахассисони корхона дар чунин вазъи боду ҳаво ба хотири рух надодани садамаҳои хати оби ошомиданӣ фишорро баланд карда наметавонанд", - таъкид намудаст ин ниҳод.
Масъулин аз сокинон хостаанд, обро ба қадри зарурӣ захира намуда, ҷумакҳои обро маҳкам намоянд.
Қаблан хабар дода шуд, ки сардии шадид дар Душанбе ва яхбандии қубурҳо боиси камбуди об дар бархе аз навоҳии пойтахт шудааст.
"Норасоии об дар баъзе қисматҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад ва шаҳрвандонро нигарон намудааст. Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона ба минтақаҳое, ки мушкили об доранд, мошинҳои обкашӣ сафарбар шудаанд", - изҳор дошта буданд масъулин.
Зикр гардид, ки дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст, ба яхбандӣ бештар дучор гардидаанд.
Ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад. Чунин сармо ҷумҳурӣ то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, иттилоъ доданд масъулини Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.