Барои шунидани арзи мардум дар сардиҳо: ташкили телефонҳои боварӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Онлайн конференция
Онлайн конференция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Ширкати "Шабакаи тақсимоти барқ" дар Тоҷикистон телефони боварӣ ташкил кардааст, то масъулин арзу муроҷиатҳои мардумро дар фасли сармо бишнаванд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Бо мақсади кумак ба аҳолӣ, таъмини эътимоднокии барқрасонӣ ва огоҳ шудан аз муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён телефони боварӣ ташкил карда шудааст.
Ба иттилои масъулини барқ, телефонҳои боварӣ дар ҷамъияти "Шабакаҳои тақсимоти барқ" фаъол шуда, шабонарӯзӣ кор мекунанд.
Ҳадаф таъмини шафофияти кор арзёбӣ гардида, аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки арзашонро тариқи рақамҳои 778886021 ва 2-50-33-01 ироа кунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз лағви лимити барқ дар сардиҳо дар Тоҷикистон хабар дода шуд, аммо корбарон аз ҷой доштани мушкил дар барқрасонӣ дар кишвар шикоятҳо мекунанд.
В некоторых районах Душанбе организована подача воды из-за аварий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Беобӣ дар Душанбе: Шарҳи мақомот ва ташкили интиқоли об тариқи мошинҳо
Масъулини барқ дар навбати худ сардию аз ҳад зиёд шудани талаботро мӯҷиби садамаҳо хонда, аз сокинон даъват доранд, ки барқро сарфакорона истифода баранд.
Таъкид шудааст, ки сардшавии ҳаво боиси кам ворид гардидани об ба обанборҳои неругоҳҳои барқии обии Тоҷикистон гашта, хароҷоти об ба далели афзоиши талабот ба неруи барқ 2-3 маротиба меафзояд.
Ба иттилои масъулини барқ, сербории истифодаи нерӯ дар фасли сармо боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоиши вайроншавии техникаиҳои танзимотӣ мегардад.
Мақомоти бахши энержӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ зикр намудаанд, ки сардии бесобиқаи ҳаво моҳи январи соли равон идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0