https://sputnik.tj/20230117/yakhshusha-bomh-khona-dushanbe-video-1054268596.html
Яхшӯшаи бомҳои хонаҳо дар Душанбе бартараф карда шуд-видео
Яхшӯшаи бомҳои хонаҳо дар Душанбе бартараф карда шуд-видео
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон ба сокинони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми убур зери биноҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро уфти шушаяхҳо аз эҳтимол дур нест
2023-01-17T15:00+0500
2023-01-17T15:00+0500
2023-01-17T15:00+0500
дар тоҷикистон
кҳф
обу ҳаво
сардӣ
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054262522_28:0:1182:649_1920x0_80_0_0_6e9070470734a509de3bef6caaa66fc8.jpg
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо ёрии техникаву воситаҳои махсус тавонистаанд хатарҳои бароянда аз яхбандии бомҳоро бартараф кунанд. Ин ниҳод аз ҳамаи сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми гузар аз назди биноҳи бисёрошёна эҳтиёт кунанд. Барфи обшуда баъдтар бар асари сардӣ ях мебандад ва ба сурати шӯшаҳои пурхатар дар лабгӯшаи боми хонаҳо, симчӯби интиқоли барқ, пояҳои реклом, шохҳои дарахтон овезон мешавад.Пешгӯии то 36 дараҷа сардӣ дар Тоҷикистон"Ҳангоми гузар аз чунин мавзеъҳо бояд бадиққат бошед ва чун садои шубҳаовареро мешунавед, набояд дар ҷойятон қарор гиред ва хеле ба зудӣ аз он гузаред. Зеро маъмулан шӯшаҳо баъди расидани каме гармӣ ва ё вазнинӣ ба поён сарозер мешаванд",- афзудааст ин ниҳод.Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, сардӣ дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар бархе аз навоҳии ВМКБ то 36 дараҷа, Суғд то 18 дараҷа, Хатлон то 15 дараҷа ва Душанбе то 12 дараҷа хунук мешавад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054262522_172:0:1037:649_1920x0_80_0_0_019e3aaf608feeedfe6f01c76c14d760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
яхшӯша бомҳо хонаҳо душанбе бартараф видео
яхшӯша бомҳо хонаҳо душанбе бартараф видео
Яхшӯшаи бомҳои хонаҳо дар Душанбе бартараф карда шуд-видео
Наҷотдиҳандагон ба сокинони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми убур зери биноҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро уфти шушаяхҳо аз эҳтимол дур нест
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо ёрии техникаву воситаҳои махсус тавонистаанд хатарҳои бароянда аз яхбандии бомҳоро бартараф кунанд.
Ин ниҳод аз ҳамаи сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми гузар аз назди биноҳи бисёрошёна эҳтиёт кунанд.
Барфи обшуда баъдтар бар асари сардӣ ях мебандад ва ба сурати шӯшаҳои пурхатар дар лабгӯшаи боми хонаҳо, симчӯби интиқоли барқ, пояҳои реклом, шохҳои дарахтон овезон мешавад.
"Ҳангоми гузар аз чунин мавзеъҳо бояд бадиққат бошед ва чун садои шубҳаовареро мешунавед, набояд дар ҷойятон қарор гиред ва хеле ба зудӣ аз он гузаред. Зеро маъмулан шӯшаҳо баъди расидани каме гармӣ ва ё вазнинӣ ба поён сарозер мешаванд",- афзудааст ин ниҳод.
Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, сардӣ дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар бархе аз навоҳии ВМКБ то 36 дараҷа, Суғд то 18 дараҷа, Хатлон то 15 дараҷа ва Душанбе то 12 дараҷа хунук мешавад