Беобӣ дар Душанбе: Шарҳи мақомот ва ташкили интиқоли об тариқи мошинҳо

© ГУП "ДУШАНБЕВОДОКАНАЛ"В некоторых районах Душанбе организована подача воды из-за аварий
В некоторых районах Душанбе организована подача воды из-за аварий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Корхонаи "Обу корези Душанбе" мушкили обрасониро дар пойтахт ба фарорасии сармои шадид ва афзоиши садамаҳо дар қубурҳо рабт додааст
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Сардии шадид боиси он гардид, ки қубурҳои оби ошомиданӣ ях баста, мушкили танқисии об дар Душанберо ба вуҷуд овард.
Ин нуктаро КВД "Обу корези Душанбе" бо нашри изҳорот таъкид карда, аз шаҳрвандон хостааст, нигарон набошанд.
"Норасоии об дар баъзе қисматҳои шаҳр ба мушоҳида мерасад ва шаҳрвандонро нигарон намудааст. Алҳол тибқи супориши роҳбарияти корхона ба минтақаҳое, ки мушкили об доранд, мошинҳои обкашӣ сафарбар шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Мушкили дигарро масъулин дар он гуфтаанд, ки дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст, ба яхбандӣ бештар дучор гардидаанд.
Сулаймон Зиёзода, министр сельского хозяйства РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Ноиби сарвазир ҳамроҳи олимҳо таъсири сармо ба мурғу токзорҳоро таҳлил карданд
"Шаҳрвандон бояд аз ин ҳолатҳо воқиф бошанд ва сабуриро пеша намоянд. Гарчанде таҳхона ва қубурҳои оби ошомиданӣ дар сарҳади хизматрасонии корхона набошад, вале кормандони корхона ҷиҳати пешгирии ин ҳолатҳо ва танқисии об ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд", - омадаст иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро тайи рӯзҳои охир сардиҳои шадид фаро гирифтаанд, ки боиси сар задани бархе мушкилот дар бахши нақлиёту обу барқрасонӣ шудаст.
Ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад.
Ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, иттилоъ доданд масъулини Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Лентаи хабарҳо
0