https://sputnik.tj/20221028/talaba-tojikiston-tatil-omuzgoron-kor-1052495836.html
Талабаҳо дар Тоҷикистон ба таътил мебароянд, омӯзгорон кор мекунанд
Талабаҳо дар Тоҷикистон ба таътил мебароянд, омӯзгорон кор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд, аммо омӯзгорон тайи ин муддат фаъолияташонро идома хоҳанд дод
2022-10-28T19:00+0500
2022-10-28T19:00+0500
2022-10-28T19:00+0500
дар тоҷикистон
маориф
таълим
таътил
тирамоҳ
талабагон
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031744841_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_8354ff2dff47d9d2e05418d3b2afc2ad.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 10-уми ноябр таътили тирамоҳӣ хоҳад буд, хабар дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ. Ба иттилои ин ниҳод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд.Дар зимн омӯзгорони макотиби миёна аз кори таълим канор нахоҳанд буд. Онҳо дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.Дар Тоҷикистон барои хонандагон ҳар фасл таътил пешбинӣ шуда, тирамоҳӣ аз 1 то 10 ноябр, зимистона аз 1 то 10 январ, баҳор аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август давом мекунад. Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.Дар таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он ширкат хоҳанд кард. Сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва аллакай дар таътили тирамоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20221018/barq-kambudi-maktab-nosiri-khusrav-1052188175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031744841_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_a22252a545e583af3922846a1d4f131c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонандагон, таътил, тирамоҳӣ
хонандагон, таътил, тирамоҳӣ
Талабаҳо дар Тоҷикистон ба таътил мебароянд, омӯзгорон кор мекунанд
Хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон ба таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд, аммо омӯзгорон тайи ин муддат фаъолияташонро идома хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон аз 1 то 10-уми ноябр таътили тирамоҳӣ хоҳад буд, хабар дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон таътили даҳрӯзаи тирамоҳӣ мебароянд.
"Давоми даҳ рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки аз 299 номгӯй барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн омӯзгорони макотиби миёна аз кори таълим канор нахоҳанд буд. Онҳо дар ин муддат ба корҳои методӣ, омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои хонандагон ҳар фасл таътил пешбинӣ шуда, тирамоҳӣ аз 1 то 10 ноябр, зимистона аз 1 то 10 январ, баҳор аз 25 то 31 март ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август давом мекунад. Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.
Дар таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он ширкат хоҳанд кард. Сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва аллакай дар таътили тирамоҳӣ олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон баргузор мешавад.