Сармои шадид дар Афғонистон дасти кам ҷони 20 нафарро гирифт

© Foto / IRSЛавина на трассе Душанбе - Чанак
Лавина на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Дар чанд рӯзи гузашта бар асари сармои шадид ва бориши барф дар Афғонистони даст кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 70 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бар асари сармо шадид ва бориши барфи зиёд дар Афғонистон дар чанд рӯзи ахир даст кам 20 нафар ҷон бохтанду 70 нафар дигар дар бемористон бистарӣ гардиданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизиюнии “ToloNews”.
Гуфта шудааст, ки мардуми Аф-онистон аз сармои шадид осеби ыиддь диданд ва чандини ҳазор ҳектор аз заминҳои кишоварзии ғайриқобили истифода шуд.
Сармо таҳдиде барои бахши қобили таваҷҷӯҳӣ аз ҷамъият кишвар аст, зеро аксари сокинони маҳаллии имкони гарм кардани хонаҳои худро надоранд.
Пеш аз ин дафтари ҳамоҳангии умури башардустонаи Созмони Милали Муттаҳид гузориш дода буд, ки тайи ҳафтаи ҷорь дамои ҳаво дар бархе манотиқи Афғонистон мумкин аст то 35 дараҷаи зери сифр коҳиш ёбад.
Сильные морозы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад
Бунёди хайрияи Save the Children тахмин мезанад ки беш аз 18 миллион кӯдаку бузургсол ё наздик ба ними аз ҷамъияти Афғонистон дар соли 2023 ба кумакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар чанд рӯзи ахир обу ҳавои Тоҷикистон ҳам сард шуда буд ва дар пойтахти кишвар ҳарорати ҳаво -13 дараҷа буд. Дар баъзе манотиқи кишвар сардии ҳаво то 40 дараҷа расида буд.
Лентаи хабарҳо
0