Ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад

© Sputnik / Айар Варламов / Гузариш ба медиабонкСильные морозы
Сильные морозы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Обуна шудан
Тоҷикистонро панҷ рӯзи сардии шадид дар пеш аст. Мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ба сафар набароянд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тоҷикистонро ҳавои бесобиқа сард интизор аст, ҳушдор медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ аз 10 то 14 январ бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Русия дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ ҳаво ниҳоят сард шуда, ҳамчунин боришоти шадиди барф сурат мегирад.
Ҳавосанҷон дар рӯзҳои 11-14 январ дамои ҳаворо дар водиҳо ва аксар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона то 19 ва рӯзона то 12 дараҷа сард пешгӯӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, 10 ва шаби 11 январ дар аксари навоҳии Тоҷикистон боришоти шадиди барф ба амал меояд. Дар роҳҳои мошингард хатари яхбандӣ вуҷуд дорад. Илова бар ин, вазиши шамол дар ноҳияҳои Суғду Хатлон ва тобеи марказ то 17-22 метр дар сония хоҳад буд.
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Дар Тоҷикистон барфи шадид меборад
Оҷонсӣ ҳамчунин аз фаромадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад.
Сардтарин рӯзҳо 14 то 16 январ хоҳанд буд. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то 32-37 дараҷа хунук мешавад. Дар Булункули ноҳияи Мурғоб то 50 дараҷа хунук шудани ҳаво дар аст.
Зимнан, КҲФ ва Оҷонсии ҳавошиносӣ аз шаҳрвандону меҳмонон дар рӯзҳои сард даъват намудаанд, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд. Ҳамчунин шикору ҳезумҷамъкунӣ низ тавсия дода намешавад.
Манбаъ меафзояд, моҳи январи имсол нисбат ба соли гузашта 1-2 дараҷа хунуктар дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0