https://sputnik.tj/20230116/sardi-sarkhur-barkanorii-miri-toshkand-1054229364.html
Сардиҳои "сархӯр": Барканории мири Тошканду раисони дигар дар Ӯзбекистон
Сардиҳои "сархӯр": Барканории мири Тошканду раисони дигар дар Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи васеъ бо аъзои ҳукумат фаъолияти шаҳрдории Тошканд ва роҳбарони бархе аз навоҳиро интиқод кардааст
2023-01-16T12:34+0500
2023-01-16T12:34+0500
2023-01-16T12:34+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
сиёсат
барканор
тошканд
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049695757_0:67:1280:788_1920x0_80_0_0_5c6390817e6a03870e9d1a5a1e908f0e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар пайи сардиҳои шадид, ки камбуди зиёд дар кори мақомотро ошкор кардааст, президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев тағйироти кадрӣ анҷом додаст. Президенти Ӯзбекистон аз ҷумла шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро аз мақомаш барканор карда, мавриди интиқод қарор додааст. Мушкилот дар таъминоти нерӯ, болоравии нархҳо ва камбудиҳои дигари инфрасохторӣ аз ҷумлаи норасоиҳои кори Ортиқхоҷаев зикр шудаанд. Дар баробари мири Тошканд, ҳамчунин муовини вазири энергетика, раиси ширкати энергетикӣ ва роҳбарони бархе аз навоҳии дигар барои омодагии суст ба зимистон аз мақом барканор гардидаанд. Аз ҷумла мақоми раисони ноҳияҳои Юнусобод, Мирзо-Улуғбек ва Учтеппа то иҷрокунандаи вазифаи раис поин оварда шудааст. Президенти Ӯзбекистон мақомоти додситонии кишварро муваззаф кардааст, ки фаъолияти роҳбаронро дар мавриди омодагиҳо ба зимистон бисанҷанд. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки истифодаи нерӯи барқ бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ дар Ӯзбекистон ба ҳадди баландтарин - 250 млн кВт/соат расид. Дар Тошканд аз сабаби зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ зиёда аз ҳазор садама рӯй дод. Маврид ба зикр аст, ки сардиҳо кишварҳои Осиёи Марказиро нимаи аввали моҳи январ фаро гирифта, мушкилоте дар бахшҳои гуногун - аз нақлиёт то таъминоти обу энержиро ошкор кардаанд.
https://sputnik.tj/20230113/baydulloeva-zamon-anjom-barf-tojikiston-1054181453.html
ӯзбекистон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049695757_73:0:1209:852_1920x0_80_0_0_54e968ad5228231b70e837a3f8cae9c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барканорӣ, раисон, сардӣ, тағйирот, кадрӣ, ӯзбекистон
барканорӣ, раисон, сардӣ, тағйирот, кадрӣ, ӯзбекистон
Сардиҳои "сархӯр": Барканории мири Тошканду раисони дигар дар Ӯзбекистон
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи васеъ бо аъзои ҳукумат фаъолияти шаҳрдории Тошканд ва роҳбарони бархе аз навоҳиро интиқод кардааст
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар пайи сардиҳои шадид, ки камбуди зиёд дар кори мақомотро ошкор кардааст, президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев тағйироти кадрӣ анҷом додаст.
Президенти Ӯзбекистон аз ҷумла шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро аз мақомаш барканор карда, мавриди интиқод қарор додааст.
Мушкилот дар таъминоти нерӯ, болоравии нархҳо ва камбудиҳои дигари инфрасохторӣ аз ҷумлаи норасоиҳои кори Ортиқхоҷаев зикр шудаанд.
Дар баробари мири Тошканд, ҳамчунин муовини вазири энергетика, раиси ширкати энергетикӣ ва роҳбарони бархе аз навоҳии дигар барои омодагии суст ба зимистон аз мақом барканор гардидаанд.
Аз ҷумла мақоми раисони ноҳияҳои Юнусобод, Мирзо-Улуғбек ва Учтеппа то иҷрокунандаи вазифаи раис поин оварда шудааст.
Президенти Ӯзбекистон мақомоти додситонии кишварро муваззаф кардааст, ки фаъолияти роҳбаронро дар мавриди омодагиҳо ба зимистон бисанҷанд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки истифодаи нерӯи барқ бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ дар Ӯзбекистон ба ҳадди баландтарин - 250 млн кВт/соат расид. Дар Тошканд аз сабаби зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ зиёда аз ҳазор садама рӯй дод.
Маврид ба зикр аст, ки сардиҳо кишварҳои Осиёи Марказиро нимаи аввали моҳи январ фаро гирифта, мушкилоте дар бахшҳои гуногун - аз нақлиёт то таъминоти обу энержиро ошкор кардаанд.