Байдуллоева замони анҷоми сардию барфи шадид дар Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik Снегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2023
Обуна шудан
Сардиҳое, ки феълан Тоҷикистонро фаро гирифтаанд, 15 соли пеш низ ҷой доштанд, ба истиснои сармо дар ВМКБ, ки тайи даҳсолаҳо бесобиқа аст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҳавои хунук дар Тоҷикистон то 25 январи соли равон идома хоҳад кард, изҳор доштаст муовини мудири Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Ҷамила Байдуллоева ба "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, аз 13 то 16 январи соли равон дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук, рӯзона то 13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 24 ва рӯзона то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад, афзуд Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Очищенная от снега дорога Душанбе - Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2023
Роҳ аз барф тоза ва барои ҳаракат озод аст: Шарҳи ширкати IRS аз вазъи роҳи Душанбе -Чаноқ
Инчунин дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма дар назар аст.
Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки чунин ҳарорати сард Тоҷикистонро соли 2008 фаро гирифта буд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2008 ҳарорат шабона дар водиҳо аз 20 то 25 дараҷа хунук буд.
Дар ин робита вай Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро истисно донист, ки он шабурӯз дар вилоят ҳарорати ҳаво ба мисли имсола паст нашуда буд.
Дар зимн мақомоти ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар масирҳои хатарноки ҷумҳурӣ навбатдориҳо ташкил карда, аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бидуни зарурат дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.
Лентаи хабарҳо
0