https://sputnik.tj/20230116/muttaqi-rohbariyat-maslihatho-maskav-gush-1054242152.html
Муттақӣ: роҳбарият ба маслиҳатҳо аз Маскав гӯш медиҳад
Муттақӣ: роҳбарият ба маслиҳатҳо аз Маскав гӯш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти толибҳо ба маслиҳатҳое, ки аз сӯи Русия дода мешаванд, аҳамият медиҳанд, изҳор дошт вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати ташкилкардаи ин гуруҳ
2023-01-16T17:05+0500
2023-01-16T17:05+0500
2023-01-16T17:05+0500
дар ҷаҳон
толиб
афғонистон
амният ва мудофиа
вазир
замир кобулов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ ба намояндаи вижаи президенти ФР, Замир Кабулов дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои сафорати Русия дар Афғонистон, Муттақӣ зимни мулоқот бо Кобулов изҳор дошт, ки аз маслиҳатҳо аз Маскав таваҷҷуҳ медиҳанд. "Роҳбарияти Афғонистон маслиҳати дӯстони русро бодиққат гӯш мекунад ва барои таъсиси ҳукумати фарогир дар масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон талош мекунад", - таъкид намудаст Мутаққӣ. Маврид ба зикр аст, ки боздиди Кобулов ва мулоқот бо Мутаққӣ охири ҳафтаи гузашта сурат гирифта, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд. Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20230116/erdughon-tolib-naqzi-shariat-muttaham-1054226716.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, толиб, ҳукумат, ташкил, фарогир
вазир, толиб, ҳукумат, ташкил, фарогир
Муттақӣ: роҳбарият ба маслиҳатҳо аз Маскав гӯш медиҳад
Роҳбарияти толибҳо ба маслиҳатҳое, ки аз сӯи Русия дода мешаванд, аҳамият медиҳанд, изҳор дошт вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати ташкилкардаи ин гуруҳ
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ ба намояндаи вижаи президенти ФР, Замир Кабулов дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои сафорати Русия дар Афғонистон, Муттақӣ зимни мулоқот бо Кобулов изҳор дошт, ки аз маслиҳатҳо аз Маскав таваҷҷуҳ медиҳанд.
"Роҳбарияти Афғонистон маслиҳати дӯстони русро бодиққат гӯш мекунад ва барои таъсиси ҳукумати фарогир дар масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон талош мекунад", - таъкид намудаст Мутаққӣ.
Маврид ба зикр аст, ки боздиди Кобулов ва мулоқот бо Мутаққӣ охири ҳафтаи гузашта сурат гирифта, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои ҳалли вазъ дар Афғонистон талош дорад ва аз ин рӯ, аз интиқоди ҳукумати феълӣ ва дахолат ба сиёсати дохилии ин кишвар худдорӣ мекунад.
Қаблан намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон бо таассуф изҳор дошта буд, ки толибҳо ба ташкили давлати фарогир бе тавваҷуҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи Кобулов, талошҳои кишварҳои минтақа то ҳадди зиёде ба суботи мақомоти феълӣ кумак кард, ки бештари онҳо бар хилофи таҳримҳои Ғарб ҳузури сиёсӣ ва дипломатики худро дар Афғонистон ҳифз карданд.
Вай афзуд, буҳрони интиқоли қудрат дар Афғонистон рафъ гардида, зарурати иқдоми бештар барои таъмини амнияту мубориза бо таҳдидҳоро таъкид намуд.