Хориҷиҳо аз худиҳо бештар набошанд: Тасвиби қоидаҳои чемпионат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкФутбол, архивное фото
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон қоидаҳои чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футболро тасвиб карда, бархе маҳдудиятҳоро барои хориҷиҳо боқӣ гузошт
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ аз 1 апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар се марҳила баргузор мегардад.
Бар асоси қоидаҳои тасвибшуда, дар навбати аввал ҳамаи даҳ даста дар ду марҳила бозӣ мекунанд, хабар дод телевизиони "Варзиш".
"Сипас, дар марҳилаи сеюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар умум ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад", - омадааст дар матлаб.
Дар зимн таъкид гаридаст, ки шумори бозигарони хориҷӣ дар майдон набояд бештар аз бозигарони ватанӣ бошад, чун маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ дар чемпионат бетағйир гузошта шуд.
Главный тренер ФК Химки Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2023
Черевченко ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон меравад
Мисли соли гузашта ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ 7 бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо 5 бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонад дар майдон бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар чемпионати гузашта дар Тоҷикистон тими "Истиқлол"-и Душанбе қаҳрамон гардид.
Интизор меравад, ки соли равон "Истиқлол"-ро мураббии шинохтаи зодаи Тоҷикистон, Игор Черевченко тамрин диҳад.
Дар назар аст, Черевченко ба ҳайси сармураббии тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба муддати як сол шартнома бандад.
Лентаи хабарҳо
0