https://sputnik.tj/20230116/cherevchenko-sarmurabbi-tojikiston-1054227559.html
Черевченко ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон меравад
Черевченко ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, акнун ба ҳайси сармураббӣ қаҳрамони феълии ҷумҳуриро тамрин хоҳад дод
2023-01-16T11:11+0500
2023-01-16T11:11+0500
2023-01-16T11:11+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
игор черевченко
сармураббӣ
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/03/1032385277_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_46b3d72c68dc5cfd636bbd77a95a24a8.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе мепайвандад. Имзои шартнома дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Худи Черевченко дар суҳбат бо ТАСС изҳор доштааст, ки рӯзи 16 январ аз Маскав озими Душанбе мешавад. Имзои шартнома ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол дар назар аст. Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард. Черевченко 48 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард. Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Химки” "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.Тими охирине, ки ӯ мураббигӣ мекард, "Химки"-и вилояти Маскав буда, моҳи феврали соли 2022 аз қатъи ҳамкорӣ хабар доданд. Дар пайи анҷоми кор "Химки" Игор Черевченко имкони гузаштан ба чемпионатҳои хориҷиро дошт, аммо зарур надонист, гуфта буд ӯ зимни як мусоҳиба. Ба суоле, ки оё ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Черевченко изҳор дошт, ки танҳо ба ҳайси сармураббии тими миллӣ метавонад равад.Бояд ҳама чиро таҷриба кард, аммо мураббӣ худаш худро пешниҳод намекунад, бояд ӯро даъват кунанд, гуфта буд Черевченко.
https://sputnik.tj/20230115/sultonov-ba-timi-rodina-i-maskav-payvast-1054217893.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/03/1032385277_217:0:2948:2048_1920x0_80_0_0_2f3f9c9a4485076515dcb692b8a9ba64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, мураббӣ, истиқлол, таъйин
таъйин, мураббӣ, истиқлол, таъйин
Черевченко ба ҳайси сармураббӣ ба Тоҷикистон меравад
Собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, акнун ба ҳайси сармураббӣ қаҳрамони феълии ҷумҳуриро тамрин хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе мепайвандад. Имзои шартнома дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Худи Черевченко дар суҳбат бо ТАСС изҳор доштааст, ки рӯзи 16 январ аз Маскав озими Душанбе мешавад. Имзои шартнома ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол дар назар аст.
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Черевченко 48 сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои “Химки” "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.
Тими охирине, ки ӯ мураббигӣ мекард, "Химки"-и вилояти Маскав буда, моҳи феврали соли 2022 аз қатъи ҳамкорӣ хабар доданд.
Дар пайи анҷоми кор "Химки" Игор Черевченко имкони гузаштан ба чемпионатҳои хориҷиро дошт, аммо зарур надонист, гуфта буд ӯ зимни як мусоҳиба.
Ба суоле, ки оё ҳатто ба Тоҷикистон ҳам, Черевченко изҳор дошт, ки танҳо ба ҳайси сармураббии тими миллӣ метавонад равад.
Бояд ҳама чиро таҷриба кард, аммо мураббӣ худаш худро пешниҳод намекунад, бояд ӯро даъват кунанд, гуфта буд Черевченко.