Небензя - Украина ба як ширкати хусусии низомии НАТО табдил ёфт

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Дипломат қайд кард, ки ҳукумати Украина борҳо чеҳраи ҳақиқии худро ва ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳомез нишон додааст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Намояндаи доимии Русия Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт, мардуми Украина маҷбуранд барои иҷрои вазифаҳои дигарон мубориза баранд ва худи Украина ба як “ШХН-и НАТО” табдил дода шудааст.
"Украина, воқеан, ширкати хусусии низомии НАТО шудааст. Ба ӯ пул медиҳанд, бо аслиҳа таъмин мекунанд, мегӯянд, ки дар куҷо тирандозӣ ва ба куҷо ҳамла кардан лозим аст. Аз ин мардуми Украина азоб мекашанд", - иқтибос меорад РИА Новости суханони дипломатро.
Намояндаи доимӣ ёдовар шуд, ки вазири дифоъи Украина Алексей Резников инро эътироф кардааст.
"Ин аст суханони ӯ: "Мо вазифаи НАТО-ро бе талафи хуни онҳо, балки бо талафоти хуни худ иҷро карда истодаем. Аз ин рӯ, Ғарб бояд ба мо силоҳ ва пули бештар диҳад".
Суханони Резников, ба қавли Небензя заминаи ҳақиқии "ҳар як ташаббуси ба ном сулҳҷуёнаи Украина"-ро инъикос мекунанд.
Дипломат қайд кард, ки ҳукумати Украина борҳо чеҳраи ҳақиқии худро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳомез нест нишон додааст. Ин дар моҳи марти соли 2022 низ рух дод, вақте ки вай "унсурҳои воқеии худ аз шартномаи сулҳро, ки Русия омода буд, баррасӣ кунад, даст кашид".
Эвакуация граждан из ДНР и ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Небензя ҳадафи амалиёти вижаи Русияро гуфт
"Оё Киев худаш дар бораи ин иқдоми марговар фикр кардааст ё ба сухани кураторҳои Лондон, Вашингтон ё Брюссел гӯш додааст, ҳоло он қадар муҳим нест. Муҳим он аст, ки маҳз ҳамон вақт режими Киев бар хилофи далелҳо ва ақли солим фикр кард, ки бо кумаки бештари НАТО, Русияро дар майдони ҷанг мағлуб мекунад", - гуфт намояндаи доимӣ.
Аз ин гумроҳии хатарнок "диктатори Украина наметавонад то ҳол дур шавад", гарчанде ки ҳатто бисёре аз раҳбарони ғарбӣ ба вазъ бодиққат нигоҳ мекунанд, хулоса кард Небензия.
Лентаи хабарҳо
0