Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қирғизистон барқия ирсол кард

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон ба муносибати 30 –юмин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ унвонии ҳамдигар барқияи табрикотӣ фиристоданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон бинобар 30-соли робитаҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон унвони ҳамтои қирғизаш барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, қайд намуд, ки Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон низ бо ирсоли барқия Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикотии худ зикр намудаст, ки давоми се даҳсолаи ахирТоҷикистону Қирғизистон дар рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо ба натиҷаҳои муайян ноил гардиданд.
Дар идома, роҳбари давлат изҳори умедворӣ намуд, ки густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишшвар ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандон буда, ба нигоҳ доштани сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
“Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатиамон ҳамаҷониба мусоидат намуда, онҳоро бо мӯҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонид”, - омадаст дар мактуби Эмомалӣ Раҳмон.
Котиботи президент барқияи шодбошии ССодир Ҷабборов унвонии Эмомалӣ Раҳмонро низ нашр намуд, ки дар он президенти Қирғизистон изҳори умедворӣ намудааст, ки густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар усулҳои эҳтироми мутақобила, соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ ва халалнопазирии марзҳои давлатӣ асос ёфтаанд, таъмин намоянд.
Президент РФ В. Путин на саммите Россия - Центральная Азия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Путин гуфт, ки Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи чӣ мувофиқа кардаанд
“Бар он назарам, ки муносибатҳои байни ду кишвар бояд дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ бар нафъи мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон рушд ёбанд”, - омадааст дар паёми Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуда, ба Эмомалӣ Раҳмон некрӯзӣ ва сиҳатмандӣ орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0