Путин гуфт, ки Раҳмон ва Ҷабборов дар бораи чӣ мувофиқа кардаанд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент РФ В. Путин на саммите "Россия - Центральная Азия"
Президент РФ В. Путин на саммите Россия - Центральная Азия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия натоиҷи мулоқот бо ҳамтоёнаш Раҳмон ва Ҷабборовро, ки мавзӯи аслии он марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд, ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар бораи мулоқоти сеҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров, раисҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат кард.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав якҷо бо Душанбеву Бишкек асноди марбутаро бардошта, роҳи ҳалли баҳси марзиро меҷӯяд.
Илова бар ин, ширкаткунандагони нишаст ба мувофиқа расиданд, ки дар манотиқи баҳсбарангез амалиёти ҷангиро шурӯъ намекунанд, гуфт раҳбари Русия дар пайи сафараш ба Қазоқистон ба хабарнигорон.
Встреча Путина с Рахмоном и Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар бораи баҳсҳои марзӣ ба чӣ тавофуқ расиданд?
"Ҷустуҷӯи як нуқтаи муштарак осон нест, аммо, бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки мо ин корро кардем. Дар ҳар сурат, мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми чораҳо барои пешгирии азсаргирии ҷанг андешида мешаванд - аввал. Дуюм, ин хеле муҳим аст. Тарафҳо барои баргардонидани гурезаҳо чораҳои заруриро хоҳанд андешид”,- гуфт Путин.
Вай афзуд, ки мулоқот бо раҳбарони ду кишвар созанда буд, "муносибатҳо дар марҳилаи хеле гарм қарор доранд".
Путин гуфт, Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд андешаҳои худро барои ҳалли вазъ ба Федератсияи Русия расонанд ва роҳҳои ҳалли субот бояд якҷоя ҷустуҷӯ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0