https://sputnik.tj/20230113/osh-garm-ruzi-sard-khayri-hukumat-baroi-rohdoron-1054190854.html
Оши гарм дар рӯзи сард: Хайри раиси ноҳия барои кормандони роҳу хоҷагиҳои коммуналӣ
Оши гарм дар рӯзи сард: Хайри раиси ноҳия барои кормандони роҳу хоҷагиҳои коммуналӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо таҳияи оше хостааст, аз заҳмати роҳдорон дар рӯзҳои сарду барфӣ қадрдонӣ намояд
2023-01-13T19:00+0500
2023-01-13T19:00+0500
2023-01-13T19:00+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
роҳ
мастчоҳ
кори хайр
ош
сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054190526_0:55:928:577_1920x0_80_0_0_a1237ac5c75e3efe1973406f0c967184.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ меҳнати кормандони идораи роҳдорӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро қадрдонӣ намуда, барои онҳо, оши палав дастрас кардаст. Дастури расонидани ғизои гарм аз ҷониби раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода содир шудааст. Таъкид шудааст, ин иқдом бо ҳадафи қадршиносии кормандони идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шабакаҳои барқ аст, ки новобаста аз сардиҳои шадид аз субҳ то шом, ҳолати бехатариии ҳаракати роҳҳоро назорат намуда, барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ба пошидани регу намак машғуланд. Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ, Давронбек Миров, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон расонидани гарм аз ҷониби ҳукуматро таъйид намуд. “Барои мо ғайриинтизор аз ҷониби ҳукумат оши палав дастрас карда шуд. Ингуна қадр намудани меҳнати мо роҳдорон ростӣ ғайриинтизор буд” - афзуд Миров. Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби гурӯҳи роҳдорон, таъоми омоданамудаи ҳукумат ба 200 нафар кормандони идораҳои манзилию коммуналӣ ва барқ расонида шудааст. Сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳо афзуд, ки дар идораи онҳо беш аз 30 нафар кор мекунанд. Дар пайи барфрезӣ онҳо ҷадвали навбатдорӣ тартиб додаанд, ки шому саҳар ба пошидани маводи зидди лағжиш ва рубучини роҳҳо машғуланд.Ба иттилои ин ниҳод дар Мастчоҳ ҳудуди 126 км роҳҳо мавҷуданд, ки қисме аз он аҳамияти байналмиллалӣ дорад. Масъулони Идораи роҳдорӣ мегӯянд, барфрезиҳо ва фарорасии сардиҳои шадиди рӯзҳои охир, кори онҳо мушкил намудааст.
https://sputnik.tj/20230113/baydulloeva-zamon-anjom-barf-tojikiston-1054181453.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054190526_44:0:885:631_1920x0_80_0_0_baf81eeb32b207a24d1afb8dbe11e99d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, роҳ, мастчоҳ, кори хайр, ош, сардӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, роҳ, мастчоҳ, кори хайр, ош, сардӣ
Оши гарм дар рӯзи сард: Хайри раиси ноҳия барои кормандони роҳу хоҷагиҳои коммуналӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо таҳияи оше хостааст, аз заҳмати роҳдорон дар рӯзҳои сарду барфӣ қадрдонӣ намояд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ меҳнати кормандони идораи роҳдорӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро қадрдонӣ намуда, барои онҳо, оши палав дастрас кардаст.
Дастури расонидани ғизои гарм аз ҷониби раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода содир шудааст.
Таъкид шудааст, ин иқдом бо ҳадафи қадршиносии кормандони идораи роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шабакаҳои барқ аст, ки новобаста аз сардиҳои шадид аз субҳ то шом, ҳолати бехатариии ҳаракати роҳҳоро назорат намуда, барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо ба пошидани регу намак машғуланд.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ, Давронбек Миров, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон расонидани гарм аз ҷониби ҳукуматро таъйид намуд.
“Барои мо ғайриинтизор аз ҷониби ҳукумат оши палав дастрас карда шуд. Ингуна қадр намудани меҳнати мо роҳдорон ростӣ ғайриинтизор буд” - афзуд Миров.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби гурӯҳи роҳдорон, таъоми омоданамудаи ҳукумат ба 200 нафар кормандони идораҳои манзилию коммуналӣ ва барқ расонида шудааст.
Сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳо афзуд, ки дар идораи онҳо беш аз 30 нафар кор мекунанд. Дар пайи барфрезӣ онҳо ҷадвали навбатдорӣ тартиб додаанд, ки шому саҳар ба пошидани маводи зидди лағжиш ва рубучини роҳҳо машғуланд.
Ба иттилои ин ниҳод дар Мастчоҳ ҳудуди 126 км роҳҳо мавҷуданд, ки қисме аз он аҳамияти байналмиллалӣ дорад. Масъулони Идораи роҳдорӣ мегӯянд, барфрезиҳо ва фарорасии сардиҳои шадиди рӯзҳои охир, кори онҳо мушкил намудааст.