https://sputnik.tj/20230112/roh-barf-toza-ozodt-sharhi-shirkati-irs-az-vazi-rohi-dushanbe--chanoq-1054174089.html
Роҳ аз барф тоза ва барои ҳаракат озод аст: Шарҳи ширкати IRS аз вазъи роҳи Душанбе -Чаноқ
Роҳ аз барф тоза ва барои ҳаракат озод аст: Шарҳи ширкати IRS аз вазъи роҳи Душанбе -Чаноқ
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS хабар додааст, ки дар роҳи Душанбе — Чаноқ пайомадҳои тарма бартараф ва ҳаракати нақлиёт пурра таъмин гардид
2023-01-12T22:00+0500
2023-01-12T22:00+0500
2023-01-12T22:00+0500
дар тоҷикистон
барф
тарма
резиши тарма
душанбе
роҳ
ширкати irs
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0c/1054173930_0:90:960:630_1920x0_80_0_0_51c49c297c84e183e3b2cdff14e21a41.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Оқибатҳои тармафароии ахир пурра бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ таъмин гардид, иттилоъ додааст ширкати IRS, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад.Ба иттилои манбаъ аз субҳи барвақт тоза намудани роҳи Душанбе - Чаноқ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш оғоз гардида, айни замон ҳаракати нақлиёт таъмин аст.“Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд”,-Зикр намудааст ширкати махзкур.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 январ дар роҳи Душанбе — Чаноқ, хоса минтақаи Варзоб бинобар бетафовутии баъзе ронандагон тамбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд ба амал омада, сафарбарнамоии техникаҳои филиали ширкатро ба макони тармафароӣ ва минтақае, ки бориши барф пуршиддат аст, нисбатан мушкил намуд.Дар ҳамин ҳол, КҲФ мардумро ҳушдор дода, даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230112/nuh-laghzishi-tarma-tojikiston-shabonaruz-1054169878.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0c/1054173930_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_e285395e1065b722c8fdd5552a070214.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, филиал, зимистон, барф, тоза, душнабе-чаноқ, ҳаракати мошинҳо, барқарор
тоҷикистон, филиал, зимистон, барф, тоза, душнабе-чаноқ, ҳаракати мошинҳо, барқарор
Роҳ аз барф тоза ва барои ҳаракат озод аст: Шарҳи ширкати IRS аз вазъи роҳи Душанбе -Чаноқ
Ширкати IRS хабар додааст, ки дар роҳи Душанбе - Чаноқ пайомадҳои тарма бартараф ва ҳаракати нақлиёт пурра таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Оқибатҳои тармафароии ахир пурра бартараф ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ таъмин гардид, иттилоъ додааст ширкати IRS, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад.
Ба иттилои манбаъ аз субҳи барвақт тоза намудани роҳи Душанбе - Чаноқ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш оғоз гардида, айни замон ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
“Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд”,-Зикр намудааст ширкати махзкур.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 январ дар роҳи Душанбе — Чаноқ, хоса минтақаи Варзоб бинобар бетафовутии баъзе ронандагон тамбашавии воситаҳои нақлиёт зиёд ба амал омада, сафарбарнамоии техникаҳои филиали ширкатро ба макони тармафароӣ ва минтақае, ки бориши барф пуршиддат аст, нисбатан мушкил намуд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ мардумро ҳушдор дода, даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд.