https://sputnik.tj/20230112/jalb-dollar-sarmoya-khoriji-iqtisodi-khatlon-1054160298.html
Ҷалби 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Хатлон
Ҷалби 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии хуб гузориш дода таъкид кардааст, ки соли гузашта дар ёди мардум соли хотирмону таърихи боқӣ мемонад
2023-01-12T14:37+0500
2023-01-12T14:37+0500
2023-01-12T14:37+0500
дар тоҷикистон
хатлон
сармоягузорӣ
ҷалб
ҷалби саромягузорӣ
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 58 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил додааст.Тибқи иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 52,1 миллион доллар ё баробари 8,8 маротиба зиёд мебошад.Таъкид шудааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 40 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 миллион сомониро ташкил медиҳад.“Соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёдоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 млрд. сомонӣ ба имзо расониданд”,- хабар додааст мақомоти вилояти Хатлон.Мақомоти Хатлон зикр намудааст, ки бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар вилоят ва тамоми шаҳру ноҳияҳои он Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220813/bor-tojikiston-peshsaf-rushd-iqtisod-1050685309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, сармоя, хориҷӣ, ҷалб, ҷалб, хотирмон, таърихӣ
тоҷикистон, хатлон, сармоя, хориҷӣ, ҷалб, ҷалб, хотирмон, таърихӣ
Ҷалби 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Хатлон
Мақомоти Хатлон аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии хуб гузориш дода таъкид кардааст, ки соли гузашта дар ёди мардум соли хотирмону таърихи боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 66 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки 58 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 52,1 миллион доллар ё баробари 8,8 маротиба зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 40 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 760 миллион сомониро ташкил медиҳад.
“Соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёдоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 млрд. сомонӣ ба имзо расониданд”,- хабар додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Мақомоти Хатлон зикр намудааст, ки бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар вилоят ва тамоми шаҳру ноҳияҳои он Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дорад.