https://sputnik.tj/20230112/nuh-laghzishi-tarma-tojikiston-shabonaruz-1054169878.html
Нӯҳ ҳодисаи лағзиши тарма дар саросари Тоҷикистон дар як шабонарӯз
Нӯҳ ҳодисаи лағзиши тарма дар саросари Тоҷикистон дар як шабонарӯз
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона дар ин ҳодисаҳои лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст
2023-01-12T18:25+0500
2023-01-12T18:25+0500
2023-01-12T18:25+0500
дар тоҷикистон
барф
талафот
тарма
шоҳроҳ
ширкати irs
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_0:104:1000:667_1920x0_80_0_0_5da6b10293897b8221a8aef1f50adec3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.Манбаъ қайд кардааст хушбахтона дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нагардидааст.Таъкид шудааст, ки барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки субҳи 12 январи соли равон роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода аст.Ҳаракати мошинҳои боркаш дар ин қитъаи роҳ маҳдуд карда шудааст.Воҳидҳои наҷоти КҲФ-и кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230110/borishoti-dushanbe-millionho-gulu-darakhtho-zeri-barf-1054102308.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_111:0:1000:667_1920x0_80_0_0_25385d7e05114188cb6678e25a92c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тарма, ҳодиса, шабонарӯз, обу ҳаво, барф, талафоти ҷонӣ
тоҷикистон, тарма, ҳодиса, шабонарӯз, обу ҳаво, барф, талафоти ҷонӣ
Нӯҳ ҳодисаи лағзиши тарма дар саросари Тоҷикистон дар як шабонарӯз
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, хушбахтона дар ин ҳодисаҳои лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ 9 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Манбаъ қайд кардааст хушбахтона дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нагардидааст.
Таъкид шудааст, ки барои бартараф кардани паёмадҳои лағзиши тарма техникаи ширкати роҳи IRS ва Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб карда шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома доранд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки субҳи 12 январи соли равон роҳи мошингарди Рӯшон – Бартанг баста буд ва роҳи Душанбе – Хуҷанд танҳо барои ҳаракати мошинҳои сабукрав кушода аст.
Ҳаракати мошинҳои боркаш дар ин қитъаи роҳ маҳдуд карда шудааст.
Воҳидҳои наҷоти КҲФ-и кишвар ба навбатдории шабонарӯзии худ ҷиҳати таъмини амнияти ронандагону мусофирон ва расонидани ёриҳои аввалия дар сурати рӯбарӯ шудани онҳо ба мушкилот идома медиҳанд.
Ҳамзамон Кумита ҳамоно аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои сард аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.