https://sputnik.tj/20230108/hajmi-sodiroti-barq-khatlo-1054048592.html
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Хатлон, ки калонтарин нерӯгоҳи обии барқи Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави он қарор дорад, ҳаҷми содироти нерӯи барқро эълон намуд
2023-01-08T12:30+0500
2023-01-08T12:30+0500
2023-01-08T12:37+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
фурӯш
хатлон
хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352866_0:126:3078:1857_1920x0_80_0_0_f0263c0a6444a750443c2b52632602c5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз Хатлон дар 11 моҳи аввали соли 2022 ба хориҷа ҳудуди 1,6 миллиард кВт/соат неруи барқ содир карда шудааст. Дар ин бора мақомоти Хатлон хабар дода, ҳаҷми маблағи барқи содиршуда дар моҳҳои январ - ноябри соли 2022-ро наздики 71 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд. Маврид зикр аст, ки ба калонтарин нерӯгоҳи обии барқи Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави Хатлон қарор дошта, хатти интиқоли барқ ба Афғонистон низ аз ҳудуди он мегузарад. Харидори асосии барқи Тоҷикистон ин Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд, ки ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик", фурӯш асосан дар фасли гармо амалӣ мешавад. Қаблан эълон карда шуд, ки миён ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 эътибор хоҳад дошт.Масъулини "Барқи тоҷик" мегӯянд, Тоҷикистон дар фасли гармо барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст, таъкид мекунанд масъулин. Дар мавриди содироти нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли сармо, дар ҳоле, ки худи Тоҷикистон дучори камбуди нерӯи барқ аст, "Барқи тоҷик" эълон карда буд, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳаҷми интиқол, 25-30 МВТ-ро ташкил медиҳад. Таъкид карда шуд, ки аслан ин миқдор барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.
https://sputnik.tj/20221221/kambudi-barq-dehoti-sugd-narkh-angisht-hezum-1053680571.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352866_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_877be600186129f3e803140920c0d585.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даромад, хатлон, фурӯш, барқ, хориҷ
даромад, хатлон, фурӯш, барқ, хориҷ
Даромади Хатлон аз фурӯши барқ ба хориҷа эълон шуд
12:30 08.01.2023 (Навсозишуда: 12:37 08.01.2023) Вилояти Хатлон, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави он қарор дорад, ҳаҷми содироти нерӯи барқро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Аз Хатлон дар 11 моҳи аввали соли 2022 ба хориҷа ҳудуди 1,6 миллиард кВт/соат неруи барқ содир карда шудааст.
Дар ин бора мақомоти Хатлон хабар дода, ҳаҷми маблағи барқи содиршуда дар моҳҳои январ - ноябри соли 2022-ро наздики 71 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд.
Маврид зикр аст, ки ба калонтарин нерӯгоҳи обии барқи Тоҷикистон - "Норак" дар қаламрави Хатлон қарор дошта, хатти интиқоли барқ ба Афғонистон низ аз ҳудуди он мегузарад.
Харидори асосии барқи Тоҷикистон ин Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд, ки ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик", фурӯш асосан дар фасли гармо амалӣ мешавад.
Қаблан эълон карда шуд, ки миён ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 эътибор хоҳад дошт.
Масъулини "Барқи тоҷик" мегӯянд, Тоҷикистон дар фасли гармо барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст, таъкид мекунанд масъулин.
Дар мавриди содироти нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли сармо, дар ҳоле, ки худи Тоҷикистон дучори камбуди нерӯи барқ аст, "Барқи тоҷик" эълон карда буд, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ҳаҷми интиқол, 25-30 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки аслан ин миқдор барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.